Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор фармонҳо ва қарорҳо

Ба имзо расидани як қатор фармонҳо ва қарорҳо

25.01.2001 14:00, шаҳри Душанбе

25 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонро "Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" имзо намуд. Бо имзои фармони мазкур дар мавриди ташкил ва рушди хизмати давлатӣ дар ҷумҳурӣ марҳилаи нав оғоз ёфта, барои пешрафти соҳа заминаи воқеӣ гузошта шуд.

facebook
twitter

Ба имзо расидани фармон "Дар бораи таъсиси Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Ба имзо расидани фармон "Дар бораи таъсиси Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

25.01.2001 10:00, шаҳри Душанбе

25 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фармон "Дар бораи таъсиси Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" имзо намуд. Ин сохтори нав бо мақсади таъмини назорати самарабахши истифодаи захираҳои молиявии давлатӣ ва амволи давлатӣ дар шароити рушди муносибатҳои бозорӣ ва ташаккули бахши хусусӣ таъсис дода шуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо сардори Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон Марк Жилбер

Мулоқот бо сардори Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон Марк Жилбер

16.01.2001 11:00, шаҳри Душанбе

16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардори Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон Марк Жилберро қабул намуд.

Табодули назар дар доираи вохӯрӣ асосан ба маҷмӯи масъалаҳои ҳолат ва дурнамои минбаъдаи ҳамдастӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА бахшида шуд.

facebook
twitter

Ба имзо расидани як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.01.2001 00:00, шаҳри Душанбе

15 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як силсила қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузошт, ки тибқи онҳо як қатор роҳбарони мақомоти марказӣ бо сабаби ба нафақа баромаданашон аз вазифа озод карда шуданд.

facebook
twitter

Таъсиси Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон

Таъсиси Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон

11.01.2001 10:00, шаҳри Душанбе

11 январ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода, дар заминаи он Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Точикистон таъсис дода шуд.

Ҳамон рӯз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардид.

facebook
twitter

Мулоқот бо муовини раиси Хазинаи Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб Ҳешам Ал Вакаян

Мулоқот бо муовини раиси Хазинаи Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб Ҳешам Ал Вакаян

10.01.2001 14:00, шаҳри Душанбе

10 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов муовини раиси Хазинаи Кувайтии Рушди Иқтисодии Араб Ҳешам Ал Вакаянро қабул намуд.

facebook
twitter

Иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Иқтисодии Аврупою Осиё

Иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Иқтисодии Аврупою Осиё

05.01.2001 19:00, Қазоқистон

5 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Иқтисодии Аврупою Осиё ба шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон рафт.

Ин нахустин ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии иттиҳод буд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раис иштирок намуд.

facebook
twitter

Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии соли 2001 ва ҳазораи нав

Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии соли 2001 ва ҳазораи нав

01.01.2001 00:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Бо ифтихори бузург ва камоли хушнудӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати анҷомёбии асри XX ва фарорасии соли нахустини асри нав ва ҳазорсолаи нав табрик мегӯям.

facebook
twitter

Суханронӣ ба муносибати рўзи Конститутсия

Суханронӣ ба муносибати рўзи Конститутсия

05.11.2000 11:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Шашуми ноябр дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи махсуси таърихӣ сабт шудааст, ки ҳар сол бо тантанаи хосса ҷашн гирифта мешавад.

Басо рамзист, ки таҷлили имсолаи Рӯзи Конститутсия дар интиҳои асри XX, ки ба анҷомаш рӯзҳои башумор мондаст, рост омад.

facebook
twitter

Муроҷиатнома ба муносибати ислоҳоти пули дар кишвар

Муроҷиатнома ба муносибати ислоҳоти пули дар кишвар

26.10.2000 18:00

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз дар таърихи навини халқи тоҷик як саҳифаи тоза оғоз мешавад. Тоҷикистон соҳиби низоми нави пулӣ мегардад.

Бо мақсади такмили минбаъдаи низоми пулӣ ва дар ин замина баланд бардоштани нақши пули миллӣ дар иқтисодиёти мамлакат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520