Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии соли 2001 ва ҳазораи нав

01.01.2001 00:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Бо ифтихори бузург ва камоли хушнудӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати анҷомёбии асри XX ва фарорасии соли нахустини асри нав ва ҳазорсолаи нав табрик мегӯям.

Ҳоло мову шумо дар нуқтаи пайванди ду ҳазорсола, яъне лаҳзаҳои фаромӯшношуданӣ ва дар ҳақиқат таърихӣ қарор дорем. Шукронаи тақдир, ки чунин лаҳзаҳои гуворову пурҳаяҷонро маҳз ба насли мову шумо муяссар сохтааст. Ин бахту насибаи бузург ҳар як инсони поктинатро водор месозад, ки ҳама гуна кинаву қудуратро аз вучуди худ дур сохта, ба асри нав бо дили пок, нияти нек ва умедҳои хайр қадам гузорад.

Тибқи анъана дар ҷараёни омодагӣ ба маъракаву ҷашнҳои гуногун ва хусусан пеш аз соли нав одамон корҳои анҷомдодаашонро таҳлил мекунанд, хулоса мебароранд ва барои оянда нақшаҳо мекашанд.

Аз ин рӯ, дар остонаи ҳазорсолаи нав пеши назар овардани роҳи тайкардаи халқамон дар тӯли сад соли гузашта пеш аз ҳама барои таҳкиму такомули минбаъдаи давлатдорӣ, сохтмони ҷомеаи воқеан демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд, ки Тоҷикистон аз оғози истиқлолияти миллии худ маҳз ҳамин роҳро интихоб намуд, як сабақи зарурӣ ва бузург хоҳад шуд.

Зеро ҳаёт беист пеш меравад ва бо гузашти вақт симои ҷахон пайваста дигаргун мешавад. Ба ин маънӣ, агар имрӯз ба харитаи сиёсии ҷаҳон назар андозем, мебинем, ки дар асри XX сайёраи мо тағйироти бузургро аз сар гузаронидааст.

Империяҳо ва давлатҳои як замон бузургу паҳновар аз миён рафтанд.

Ҳоло равандҳои кувватгирифтаистодаи глобализатсия сиёсати ҷаҳониро ҳар чӣ бештар таҳти таъсири худ қарор дода истодаанд.

Дар айни замон ин падида боиси пайдо шудани як қатор масъалаҳои хатарнок, ба монанди терроризми байналхалқӣ, экстремизми сиёсиву динӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гардидааст, ки ҳамаи ин ба сохторҳои асосии иҷтимоӣ дар як қатор кишварҳо ва ҳатто минтақаҳо таъсири фалокатбор мерасонад.

Ҳамаи ин дигаргуниҳо дар маҷмӯъ таносуби кувваҳоро дар олам тағйир дода, дар назди кишварҳои ҷаҳон, сарфи назар аз фарқияти низоми сиёсиву иҷтимоӣ ва сатҳи тараққиёташон, зарурати ҳамдигарфаҳмӣ, ҷустуҷӯйи роҳҳои муштараки ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ ва таъмини сулҳи ҷаҳониро ба вуҷуд меоранд.

Рисолати бузургтарини асри бисту якумро мо пеш аз хама дар ҳамин ҳадаф мебинем.

Яъне инсоният барои таъмин кардани осоишу оромии сайёра ва гузашта аз ин, ҳифзи тамаддуни ҷаҳонӣ маҷбур аст, ки роҳи ҳалли мусолиҳатомези масъалаҳои зикршудаи аз асри XX меросмондаро ҷустуҷӯ ва пайдо намояд.

Дар ин ҷода аҳли башар дар асри XX дар шакли ҳамкории муштарак ва таъсири мутақобилаи фарҳанги халкҳои гуногун ба ҳамдигар ё ба ибораи дигар, ҳамкории тамаддунхо таҷрибаи муайян андӯхтааст.

Воқеияти таърихии бавуҷудомада халқҳои ҷаҳонро водор месозад, ки ин таҷрибаро аз сатҳи фарҳангу тамаддун ба майдони сиёсат, яъне ҳалли осоиштаи мушкилоти сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ ва низомӣ низ интиқол диҳанд.

Имрӯз дар ҳоле, ки давлатҳои абарқудрат саргарми даъвоҳои бузургманишӣ ва салтанатҷӯйӣ ҳастанд, боиси таассуф аст, ки дар як қатор кишварҳо миллионҳо нафар аз гуруснагӣ, бехобӣ ва бемориҳои гуногун азоб мекашанд ва садҳодазор одамон нобуд мешаванд. Фаромӯш набояд кард, ки минбаъд низ нодида гирифтан ва ба ҳоли худ гузоштани ин масъалаҳо ва ҳатто аз бадбахтии дигарон манфиат ҷустани баъзе кишварҳои абарқудрат боиси ба вуҷуд омадани масъалаҳои хатарноктар мегардад.

Шоистаи таҳсину таҳният мебуд, ки агар кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон ба ҷойи маблағҳои калонро ба ихтирои яроқу аслиҳа ва умуман мусаллаҳшавии бошитоб сарф кардан дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, аз ҷумла масъалаҳои экология, тандурустии аҳли башар, таъмини рушди баробари кишварҳои дунё саҳм гузоранд.

Асри бистро асри тазодҳо гуфтан мумкин аст. Ин садсола давраи ҳам парвозу пирӯзиҳо ва ҳам шикасту фоҷиаҳо, ҳам сохтану ҳам сӯхтанҳои инсоният буд.

Дар ин аср инсон парчами озодиро баланд афрохт, дар роҳи истиқлолият, худшиносӣ ва ифтихори инсонии худ қадамҳои устуворе пеш гузошт. Дар ин аср қадру қимати одам ва арзиши зиндагӣ ба пояҳои баланд расид.

Таърихи халқи қадимаи тоҷик гувоҳ аст, ки ибтидои ҳазораи дуюм барои миллати тоҷик замони такдирсӯз буду интиҳои он ба бахти ин миллати кӯҳанбунёд тақдирсоз гашт.

Агар дар ибтидои ҳазорсолаи дуюм Сомониёни бузург аз майдони сиёсат берун шуда бошанд, дар охири ҳазорсола тақдири таърихӣ ба миллати тоҷик бори дигар имкон дод, ки соҳиби истиқлолият ва ҳокими қисмати худ гардад.

Ба ибораи дигар, ситораи ҳазор сол пеш суқуткардаи миллат дар охири асри XX бори дигар дурахшон шуд ва ҷойгоҳи муносиби худро дар қатори дигар ситораҳо пайдо кард.

Ин ҳукми таърих бисёр рамзӣ ва омӯзанда аст. Аз ин рӯ, метавонем гӯем, ки асри XX ба таърихи мо — тоҷикон ҳамчун асри эҳё ва сарбаландиву ифтихор ворид гардид. Зеро маҳз дар домани ҳамин садсола Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як ҷузъи комилҳукуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шуд.

Мардуми Тоҷикистон, ки имрӯз соҳиби озодӣ, истиқлолияти воқеӣ ва давлати миллии худ мебошад, бояд ҳамеша дар ёд дошта бошад, ки роҳи мо то остонаи кишвари соҳибихтиёр осон ва ҳамвор набуд.

Дур нарафта, барои мисол фақат таърихи даҳсолаҳои аввали асри XX ва бозиҳоеро, ки ба такдири халқи қадимаи мо карданд, ба хотир меорем.

Сарфи назар аз ҳама маҳдудияту монеаҳое, ки дар сари роҳи бобову падарони мо эҷод карданд, бо вуҷуди нақшаҳое, ки ба хотири маҳв сохтани миллати тоҷик кашида буданд, талошу муборизаҳои фидокоронаи мардони миллат ва афкору андешаҳои озодихоҳонаи фарзандони бузурги халқамонморо аз тӯфони нобудии он солҳо эмин нигоҳ доштанд.

Ва халки мо, ки дар ҳамаи давру замонҳо накши тамаддунофарӣ ва рисолати давлатдориву фарҳангсозиро адо кардааст, ин анъанаро дар асри XX низ идома бахшид.

Имрӯз ҳам дар минтақа ва дар ҷаҳон ягон шахси соҳибмаърифат наметавонад аз ин далели равшан чашмпӯшӣ намояд ё онро инкор кунад.

Пешрафти инсоният ҳукм ва тақозои ҳамешагии вақт ва орзуи доимии башарият аст. Вале барои расидан ба ин ҳадаф ҷомеа бояд дар навбати аввал шароити зарурӣ муҳайё намояд.

Фароҳам омадани шароит, пеш аз ҳама, дар ваҳдату ҳамбастагии мардум ва сулҳу суботи сарзамин таҷассум мегардад.

Вобаста ба ин, бесарусомониҳои ибтидои солҳои 90-умро ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи он миллати мо ба гирдоби кашмакашиҳои фоҷиабор кашида шуд. Бар замми талафоти зиёди ҷониву зиёни бузурги маънавӣ тараққиёти мамлакатамон ба таъхир афтод.

Аз ин рӯ, барои дар асри нав ва умуман ҳеҷ гоҳ такрор нашудани чунин давраи мудҳиш ва ба яке аз кишварҳои мутаммадини ҷаҳон табдил додани Ватани азизамон бояд сулҳу ваҳдати имрӯзаи мардуми худро ба таври абади пойдору устувор гардонем.

Яъне ҳар як фарди Тоҷикистон бояд худро пуштибони Ватану миллат шуморад, аз гузаштаи талх хулоса барорад, бо муқаддасоти давлат ифтихор намояд, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлиди сохтакоронаи арзишҳои бегонаро аз шуури худ берун андозад ва ҳамеша шукронаи он кунад, ки фарзанди чунин мамлакату соҳиби чунин сарзамини файзбор аст.

Ин кор вазифаи муқаддаси ҳар як шахси солимфикр дар асри нав бояд бошад. Мехоҳам таъкид созам, ки сулху субот шарти асосӣ ва омили бунёди комёбиҳои имрӯзаву ояндаи мост.

Барои ҳар кадоми мо аз ободиву оромии Ватан ва сарбаландиву сарфарозии миллат чизи муқаддастаре набояд вуҷуд дошта бошад.

Таҷрибаи беназир ва нодири Тоҷикистон дар роҳи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи дунё, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид эътироф ва пуштибонӣ ёфта, мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ин далели равшани аз азал соҳиби фарҳанги баланди сулҳпарварона будани миллати тоҷик аст.

Аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии фарҳанги сулҳ эълон шудани соли 2000, ба таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон ва фарҳанги бунёдкориву созандаи халқи тоҷик торафт таваҷҷӯҳ зоҳир намудани созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷӣ нишонаи афзудани обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътирофи саҳми миллати мо ба хазинаи маънавии умумибашарӣ мебошад.

Мо тавонистем ба оламиён нишон диҳем, ки ворисони ҳақиқӣ ва парчамбардорони асили Сомониёни номдору давлатдор ҳастем.

Акнун, ки сулҳ чун подоши азму талоши зиёд ва самараи нияти неки халқи тоҷик дар кишвари мо устувор гардид, бояд боз ҳам азму талош намоем, то Ватанро обод гардонем ва ба насли ояндаамон кишвари озоду мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузорем.

Ба шарофати сулҳу салоҳ дар тӯли ҳамагӣ чанд соли охир дар ҷумҳурӣ садҳо иншооту корхонаҳои истеҳсолию маъмурӣ ба истифода дода шуданд.

Бунёди роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб, роҳи байналхалқии мошингарди Душанбе — Хоруғ — Қулма — Қароқурум, ба истифода дода шудани кони гази Хоҷасартез, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии "Помир-1", фурудгоҳи Кӯлоб, корхонаҳои муштараки "Зарафшон", "Тоҷик-текстайлз", "Оби зулол", "Ҷавонӣ" дар вилояти Суғд, пахши барномаҳои телевизион дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, идомаи сохтмони туннели Анзоб, нерӯгоҳи барқии Сангтӯда ва ғайра самараи намоёни заҳмати бунёдкоронаи мардуми Тоҷикистон аст.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳамаи ин корҳо дар замони соҳибистикдолии кишвар ва дар давраи басо мураккаб, ки аз як сӯ алоқаҳои иқтисодӣ бо ҷумхуриҳои собиқ Шӯравӣ канда буданду аз тарафи дигар вазъи сиёсӣ на он қадар мусоид буд, анҷом дода шуданд.

Илова бар ин, дар ибтидо баъзеҳо ба анҷоми муваффақиятноки корҳои мо шубҳа доштанд. Вале халқи мо бо нангу номуси баланди азалии тоҷикона аз ӯхдаи ин корҳо баромад ва боварӣ дорам, ки аз ӯҳдаи корҳои дарпешистода низ мебарояд.

Мардуми мо имрӯз хуб фаҳмидааст, ки зӯру тавон ва кудрату куввати мо дар ваҳдату ҳамбастагӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мост. Ман борхо гуфтаам ва дар остонаи асри нав мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки ояндаи Тоҷикистон, таҳкими истиқлолияти он ба сохтмони се иншооти бузург, яъне нерӯгоҳҳои барки обии Сангтӯда, Рогун ва туннели Анзоб вобаста аст. Инҳо вазифаҳои мухимтарини мо дар асри нав мебошанд.

Ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шудани ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва вахдати миллӣ, бешак, дастоварди бузурги мо дар ин давра аст.

Воқеан, агар ин ғояи созандаву муттаҳидкунанда набошад, ягон миллат ё давлат нерӯи худро ба як самти муайян ва аниқ сафарбар карда наметавонад, чунин ҷамъият обод намешавад ва ҳеҷ гоҳ сохиби обрӯю эътибор ҳам шуда наметавонад.

Таҳлили раванди умумии худшиносии миллӣ имрӯз пеш аз ҳама барои он зарур аст, ки мо мавқеи давлати худро дар низоми нави ҷаҳонӣ муайян намоем ва ҷомеаи худро аз бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат эмин нигоҳ дошта тавонем.

Раванди мураккабу гуногунпаҳлӯи ташаккули инсони нав ва насли нав, ки аз сарчашмаи худшиносию худогоҳӣ ғизо мегирад, дар Тоҷикистони имрӯза дар шароити тамоман нав ҷараён дорад.

Худи дарки моҳияти давлати соҳибистиқлоли миллӣ ва эътироф гардидани он дар сатҳи байналхалқӣ яке аз омилҳои асосии ташаккули худшиносии миллист ва барои шаклгирии чеҳраи сиёсати миллат багоят мухим аст.

Сарфи назар аз ҳама мушкилот, Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолият дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва иқтисоди бозорӣ устуворона қадам бардошт. Вақт нишон дод, ки мо дар интихоби роҳи тараққиёти ояндаи кишвари худ хато накардаем.

Ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ торафт бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намудани сармоягузорони хориҷӣ, ҳамкории институтҳои бонуфузи молиявии ҷаҳон, ки торафт густариш меёбанд, далели таҳким ёфтани сулҳу субот дар ҷомеаи мо, эътирофи ислоҳоти иқтисодии мо ва афзудани эътимоди кишварҳои хориҷӣ ба давлати мост.

Мо имрӯз ҳақ дорем изҳор намоем, ки дар давоми ҳашт соли охир бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки доштем, корҳои азимеро анҷом додем: пеш аз ҳама бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати худро, рамзҳои мансуб ба давлати соҳибистиқлол, яъне Парчам, Нишон ва Суруди миллиро қабул намудем, Артиши миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадии худро ташкил кардем, ҳамаи шохаҳои ҳокимиятро таъсис додем.

Дар ин муддат қариб як миллион нафар гурезаҳоро, ки дар ғарибӣ умр ба сар мебурданд, ба Ватан баргардонида, бо хонаву ҷой таъмин кардем.

Аз ҳама муҳимаш, хатари порашавии Тоҷикистон ва аз байн рафтани миллати тоҷикро бартараф намудем.

Афсӯс, ки дар ҷараёни мухолифатҳои таҳмилшуда даҳҳо ҳазор ҳамватанони мо қурбон шуданд.

Дар баробари пос доштани хотираи онҳо мо бояд дигар ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки Тоҷикистон аз нав ба гирдоби ҷанги гражданӣ кашида шавад. Ҳамзамон он рӯзҳои сиёҳ ва мудҳишро мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Соли 2000-ум, ки ҳоло бо он хайробод мегӯем, дар таърихи навини халқи тоҷик аз худ нақши арзандае боқӣ гузошт.

Дар ҳамин сол аввалин маротиба дар давраи соҳибистиқлолӣ доир гардидани интихоботи вакилони Маҷлиси миллӣ ва ва Маҷлиси намояндагон, яъне таъсиси нахустин Парламенти касбии дупалатагӣ ва ниҳоят ҷорӣ гардидани пули миллӣ — сомонӣ нишонаи болоравии худшиносӣ ба шумор рафта, барои мо — тоҷикон аҳамияти бузурги таърихӣ доранд.

Ҳоло баъди анҷом додани ин қадар корҳо метавонем гӯем, ки Тоҷикистон бо ҳамаи рукну рамзҳои давлати соҳибистиқлол ва ташаккулёфта ба асри XXI ва ҳазорсолаи сеюм ворид мегардад!

Тоҷикистони мо, ки мувофиқи мавқеи ҷуғрофии худ дар миёни бисёр кишварҳои Шарқу Ғарб ба монанди ҳалқаи пайванд аст, ҳамеша таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ мекашад.

Дар чунин шароит мо чун пештара бо дарназардошти манфиатҳои муштарак, самтҳои афзалиятноки тараққиёти иқтисодӣ ва ҳамчун кафили сулҳу амният дар минтақа Россияи бузургро иттифоқчӣ ва шарики асосии стратегии худ пазируфтем.

Робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманди дуҷониба бо дигар кишварҳои дунё, ки сарфи назар аз сохти сиёсиву низоми иҷтимоии онҳо бояд анҷом гиранд, кафолати сулҳу субот дар ҳар як мамлакат мебошанд.

Бинобар ин дар асри оянда низ таҳкими робитаҳои ҳаматарафа бо мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Эрон, Хитой, Ҳиндустон, Япония, мамлакатҳои Аврупо, Амрико, давлатҳои Араб ва дигарон асоси сиёсати хориҷии моро ташкил хоҳад дод.

Бояд гуфт, ки эҳтиром ва риояи санадҳои байналхалқии ҳуқуқӣ яке аз шартҳои зарурии муносибатҳои байналхалқии асри XXI мебошад.

Бо дарназардошти ин, мо ҳамкориро бо созмонҳои обрӯманди байналхалқӣ, дар навбати аввал Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва ғайра минбаъд низ густариш хоҳем дод.

Дар пойтахти мамлакатамон — шаҳри Душанбе доир гардидани як қатор вохӯриву чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла Форуми Шанхай ва ҷаласаи Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ дар таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд, афзудани обрӯю нуфузи байналхалқии Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа нақши калон бозиданд.

Кишвари мо, ки дорои захираҳои бузурги гидро-энергетикӣ мебошад, масъалаи истифодаи оқилонаи онҳоро борҳо ба таваҷҷӯҳи ҷаҳониён расонидааст ва ин корро минбаъд низ идома хоҳад дод. Зеро арзиши об аз қадру қимати нафту газ ва дигар манбаъҳои энергетика кам нест.

Вобаста ба ин, мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки чанд рӯз пештар Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси мо дар бораи Соли байналхалқии оби тоза эълон кардани соли 2003-юм резолютсияи махсус қабул кард.

Аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ маъқул донистани ин ташаббуси глобалиро мо аз як тараф ҳамчун саҳми Тоҷикистон ва роҳбарияти он дар инкишофи ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии байналхалқӣ ба хотири ҷустуҷӯ ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли якҷояи масъалаҳои глобалии асри XXI мешуморем ва аз сӯйи дигар онро нишонаи эътирофи давлати соҳибистиқлоламон ҳамчун шарик ва субъекти баробарҳукуқи масъалаҳои байналхалқӣ меҳисобем.

Ҳоло башарият ба марзи ҳалкунандаи тақдири таърихии хеш расидааст: дар ин давратамаддун худро ё ҳифз мекунад ё гирифтори офатҳои гуногун ва ҳатто ҳалокат мегардад. Аз ин рӯ, ба хотири ояндаи аҳли башар дар асри XXI якчанд масъалаи муҳим ё худ масъалаҳои глобалии зерин бояд ҳалли худро ёбанд:

якум, истифодаи оқилонаи захираҳои табиии сайёра дар миёни кишварҳои ҷаҳон;

дуюм, бо саъю кӯшиши якҷояи ҳамаи давлатҳо, созмонҳои байналхалқӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ раҳоӣ ёфтан аз бӯҳрони экологӣ ва муваффақ шудан ба ҳамоҳангии инсон бо табиат;

сеюм, муносибати дилсӯзона ба захираҳои об, тоза нигоҳдоштани оби нӯшокӣ ва истифодаи сарфакоронаи он;

чорум, бо ҳама роҳу восита гирифтани пеши роҳи терроризми байналхалқӣ, густариши экстремизм бо ҳама шаклҳои зуҳуроти он ва роҳ надодан ба ҷанг.

Зеро асри XX асри бузургтарин ва хунрезтарин ҷангҳои таърихи башар, садсолаи ихтирои бомбаи атомӣ ва мудҳиштарин навъҳои силоҳи қатли ом буд. Яъне фарзанди одам, ки як замонҳо бо чӯбу табарҳои сангӣ ҷанг мекард, акнун барои нобуд кардани инсоният то офаридани бомбаи атомӣ ва ракетаҳои байниқитъавӣ расид.

Мувофиқи маълумоти тасдиқшуда инсоният дар давоми зиёда аз 5 ҳазор соли охир тақрибан 14520 ҷанги хурду бузургро аз сар гузаронидааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як сол се ҷанг рост меояд.

Натиҷаи ин ҷангҳо танҳо дар чор асри охир чунин аст: дар асри ҳабдаҳ зиёда аз 3 миллион, дар асри ҳаждаҳ—зиёда аз панҷ миллион, дар асри нуздаҳ ва ибтидои асри бист — қариб шаш миллион ва дар ду ҷанги ҷаҳонии асри бист мутобиқан 10 ва 50 миллион нафар одамон ҳалок шудаанд.

Ҳоло тасаввур кунед: агар инсоният минбаъд пеши роҳи ҷангҳои хурду калонро, ки имрӯз ҳам дар гӯшаҳои гуногуни сайёра сар мезананд, нагирад, оқибати тамаддуни ҷаҳонӣ чӣ хоҳад шуд?

Дар ин маврид ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мухолифати мусаллаҳонаи Афғонистон, ки мавқеи мо нисбат ба қазияи ин кишвар ҳамоно бетағйир мемонад, низ набояд бетараф бошад. Ин қазия танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл шуда метавонад.

Бегуфтугӯ, фарҷоми неки ҷанги тӯлкашида дар Афғонистон пеш аз ҳама ба худи халқи афғон вобаста аст.

Вале ман имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро бори дигар даъват мекунам, ки масъалаи Афғонистонро нодида нагиранд, онро саҳл напиндоранд ва ҳар чӣ зудтар бо кӯшишҳои муштарак дар хотима ёфтани ин ҷанги харобиовар саҳм гузоранд.

Ин ба нафъи на фақат халқи ҷафодидаи афғон ва халқҳои кишварҳои ҳамсоя, балки тамоми аҳли башар хоҳад буд.

Боиси хушнудист, ки вақтҳои охир ду давлати бузурги дунё —Россия ва Штатҳои Муттаҳиди Амрико ба ҳалли низои Афғонистон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамоянд.

Чораҳои мушаххас ва иқдоми ҷиддии онҳоро чи дар доираи муносибатҳои дутарафа ва чи дар чорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, ки ба як мақсад — ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасл шудани қазияи Афғонистон равона гардидаанд, мо ҳамчун оғози умедбахш арзёбӣ менамоем.

Асри XX ба таърих на фақат бо ду ҷанги ҷаҳонӣ, балки ҳамчунин бо авҷ гирифтани ҷинояткории муташаккил дар мамлакатҳои гуногун ворид гардид. Терроризм дар баъзе кишварҳо омили муқаррарӣ шудааст. Фикри ба роҳ андохтани ҷангу нооромӣ ҳанӯз аз шуури гурӯҳҳо ва қувваҳои муайян нарафтааст. Яъне инсоният андешаи танҳо бо роҳи осоишта дал кардани мушкилотро то ба охир наомӯхтааст.

Бинобар ин бо истифодаи тамоми роҳу усулҳо арзиши сулҳ ва ғояи ҳифзи сулҳро дар шуури мардум ҷой бояд кард.

Дӯстони гиромй!

Дар тасаввури баъзе одамон демократия ва озодӣ комилан як чиз аст. Вале дар асл чунин нест. Демократия озодие мебошад, ки бо волоияти қонун арзёбӣ мегардад. Бинобар ин мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, ки волоияти қонун дар мамлакати мо таъмин бошад ва риояи ҳатмии меъёрҳои қонун ба меъёри зиндагии мардум табдил ёбад.

Тамоми давлатҳои пешқадами дунё имрӯз саъю кӯшиш мекунанд, ки давлаташон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи мустаҳкам дошта бошад ва халқҳояшон осудаю ором ва дар сулҳу амонӣ зиндагӣ кунанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳам сазовори зиидагии аз имрӯза беҳтар ва арзандаи ҳамаи неъматҳои олами мутамаддин аст. Барои муваффақ шудан ба ин мо ҳамаи шароити лозимаро дорем.

Зеро Тоҷикистон дорои сарватҳои бепоён аст. Аз ҷумла истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои зеризаминӣ ва истихроҷу коркарди ҳарчӣ бештари онҳо бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ метавонад дар як муддати кӯтоҳ иқтисодиёти моро ба сатҳи кишварҳои мутараққии сайёра расонад.

Аз ин рӯ, истихроҷу коркарди сарватҳои табиӣ бояд дар асри фарорасидаистода ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки пешрафти иқтисоди миллӣ қарор гирад. Бо дарназардошти ҳамаи ин, шаҳрвандони мо бояд ба ояндаи хеш, тадриҷан беҳтар шудани зиндагӣ ва ободии Ватан назари нек дошта бошанд.

Албатта, мо мефаҳмем, ки дар баробари муваффақиятҳои бадастомада душвориву мушкилот ҳанӯз кам нестанд.

Дар ин самт ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро таҳия менамояд. Бо қабул гардидани он ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ тадбирҳои мушаххаси давлатӣ дар амал татбиқ хоҳанд гашт.

Барои аз байн бурдани мушкилоти мавҷуда ба Ҳукумати ҷумҳурӣ лозим аст, ки ба ҳалли як қатор масъалаҳо эътибори ҷиддӣ диҳад.

Бо роҳи пайдарҳам ба амал баровардани ислоҳоти васеи иқтисодӣ дар мамлакат бояд дар ниҳояти кор ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо озуқавории худӣ муваффақ шавем. Саноат, махсусан саноати коркарди маъданро тавассути ҷорӣ намудани технологияи пешқадам тараққӣ бояд дод.

Ислоҳоти соҳаи кишоварзиро низ босуръаттар ва боҷуръаттар амалӣ бояд сохт.

Албатта, иҷрои ҳамаи ин масъалаҳо ба кадрҳои лаёқатманду масъулиятшинос бевосита алоқаманд аст. Аз ин рӯ, мо бояд ба соҳаи маориф, ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ дикқати махсус диҳем. Ба мо махсусан мутахассисони соҳаи гидроэнергетика ва саноат заруранд.

Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки бе тараққиёти илму фарҳанг ягон давлат пеш рафта наметавонад. Дар асри нав мо бояд ба пешрафти илмҳои дақиқ ҳар чӣ бештар муваффақ шавем.

Дар баробари зикри баъзе масъалаҳои умда ҳаминро ҳам таъкид бояд кард, ки ҳалли пурраи онҳо дар шароити кунунӣ бе маблағгузории хориҷӣ осон нест. Аксарияти кишварҳо иқтисодиёти худро бо ҳамин роҳ пеш бурдаанд. Аммо барои он ки ба мамлакатамон ҳар чӣ бештар маблағи хориҷӣ ворид гардад, мо бояд ба ду чиз муваффақ шавем: аввалан, мӯҳайё сохтани заминаи ҳуқуқӣ ва таъмини кафолати сармояи хориҷӣ; сониян, ҳифзи сулҳу субот дар кишвар.

Албатта, ин масъалаҳо бо таъмини амнияти давлатӣ ва риояи талаботи қонун робитаи зич доранд.

Бинобар ин таъмини волоияти қонун, таҳкими фаъолияти мақомоти маъмурӣ, муборизаи беамон бар зидци ҷинояткории муташаккил, терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, иҷрои фармонҳои Президент дар бобати риояи қатъии интизом дар сохторҳои низомӣ масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд.

Ҳамватанони азиз!

Дар соли нахустини асри XXI, ки барои тоҷикон марҳилаи созандагию ободонӣ ва тараққиёт оғоз мегардад, Тоҷикистон ҷашни фархунда дорад. Мо ният дорем, ки даҳсолагии истиқлолияти давлатамонро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намоем.

Даҳсолагии истиқлолият ҷашни давлатдории навини мо, ҷашни худшиносии миллӣ, ифтихору номуси ватандориву ватандӯстии ҳамаи тоҷикистониён аст. Аз ин рӯ, мо ҳама аз хурд то калон бояд барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашн кӯшишу ғайрати худро дареғ надорем.

Дар ҳар як ҷомеаи демократӣ афзудани таваҷҷӯҳи аҳолӣ ба раванди дигаргунсозиҳо ва майли ба он ширкат намудан яке аз шартҳои муҳими пешрафти давлат аст. Меҳвари асосии демократия ҳам ширкати фаъолонаи халқ дар қабули қарорҳои давлатӣ мебошад.

Имрӯз дар ҷумҳурии мо чандин ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои занон, ҷавонон, умуман бештар аз 600 созмонҳои ғайриҳукуматӣ амал мекунанд. Ин қувваи бузург аст.

Боварӣ дорам, ки ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, умуман ҳар як сокини ҷумҳурӣ нисбат ба тақдири ояндаи Ватан садоқати худро нишон медиҳанд ва бо сарбаландию ифтихор дар ободии он саҳм мегузоранд.

Бори дигар ҳар як фарди баору номуси Ватанро даъват мекунам, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат бо дарки масъулияти баланд дар назди таъриху миллат ширкат намояд.

Итминони комил дорам, ки мардуми мо ба асру ҳазораи нав бо андешаҳои хайр ва умедҳои тоза ворид мегарданд.

Бо ҳамин нияти нек ҳамаи шумо — ҳамватанони азизро бо фаро расидани соли 2001-ум, яъне асри наву ҳазорсолаи нав самимонатабрик намуда, орзу дорам, ки файзу баракат, сулҳу амонӣ, пешрафту тараққиёт ва пирӯзӣ дар ҳама икдомҳои хайр мардуми шарифи Тоҷикистонро ҳамеша ёр гарданд, Ватани мо — Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ва миллати сарбаланди тоҷик ҷовидон ободу поянда бошанд!

Бигузор асри XXI чун замони Сомониёни Бузург барои миллати мо асри тиллоӣ гардад!

Соли наватон муборак бошад!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520