Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АСАДЗОДА Анвар
Мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


4 марти соли 1958 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ оли, соли 1979 Институти педагогии давлатии Душанберо бо ихтисоси  муаллими забони тоҷики ва адабиёт хатм намудааст.

 Фаъолияти меҳнатиашро баъди хатми Донишкада соли 1979 ба ҳайси лаборанти калони сектори Афгонистони Институти шарқшиносии  Академияи илмҳои Тоҷикистон огоз намуда, сипас дар вазифаҳои тарҷумон дар хориҷи кишвар, корманди хурди илми, лаборанти калони Институти шарқшиноси, корманди калони илмии институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳо, сармутахассиси шӯъбаи тарҷума, сармутахассис, машваратчии калони Маркази таҳлилии Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз гардонда шудааст.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  26 июли соли 2007 Мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520