Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии давлатӣ ба Ҳиндустон

Сафари расмии давлатӣ ба Ҳиндустон

09.05.2001 11:00, шаҳри Душанбе

9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмии давлатӣ ба Ҳиндустон рафт.

facebook
twitter

Машварати корӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низомӣ ва интизомии давлат

Машварати корӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низомӣ ва интизомии давлат

08.05.2001 10:00, шаҳри Душанбе

8 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низомӣ ва интизомии давлат машварат гузаронид.

facebook
twitter

Иштирок дар маҷлиси Кумитаи ҷумҳуриявии тадорукоти ҷашни 10 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маҷлиси Кумитаи ҷумҳуриявии тадорукоти ҷашни 10 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

04.05.2001 12:00, шаҳри Душанбе

4 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Кумитаи ҷумҳуриявии тадорукоти ҷашни 10 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир намуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Саттор

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Саттор

04.05.2001 09:00, шаҳри Душанбе

4 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдул Сатторро ба ҳузур пазируфт.

Дар доираи муҳокимаи проблемаҳои моҳияти дуҷонибадошта Эмомалӣ Раҳмон ба муносибатҳои байни Покистон ва Афғонистон изҳори таваҷҷӯҳ кард, ки робитаҳои манфиатбахши дуҷонибаашон барқарор гардонида шуда, мусоидатгари ҳарчӣ тезтари сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҷангзада гардад.

facebook
twitter

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Камол Ҳаррози

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Камол Ҳаррози

03.05.2001 14:00, шаҳри Душанбе

3 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Камол Ҳаррозиро қабул намуд.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони мамлакатҳои иштирокдори Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар пойтахти Тоҷикистон аз баланд гардидани нуфузи он ба ҳайси аъзои муносибатҳои байналхалқӣ дар ҷаҳон ва ҳамҷунин дар миқёси ин созмон дарак медиҳад.

facebook
twitter

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Муродбек Иманалиев

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Муродбек Иманалиев

03.05.2001 12:00, шаҳри Душанбе

3 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Муродбек Иманалиевро пазируфт.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои моҳияти дуҷонибадошта, амнияти минтақавӣ, фаъолияти Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва дигар мавзӯъҳои дорои таваҷҷуҳи тарафайн мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

facebook
twitter

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Вилоят Кулиев

Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Вилоят Кулиев

03.05.2001 10:00, шаҳри Душанбе

3 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Вилоят Кулиевро, ки ба Душанбе барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои иштирокдори Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ омадааст, қабул намуд.

Зимни вохӯрӣ атрофи масъалаҳои ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, баъзе мавзӯъҳои байналхалқии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули назар гардид.

facebook
twitter

Мулоқот бо Роҳбари Дафтари СММ оид ба мусоидат ба бунёди осоишта дар Тоҷикистон Иво Петров

Мулоқот бо Роҳбари Дафтари СММ оид ба мусоидат ба бунёди осоишта дар Тоҷикистон Иво Петров

02.05.2001 15:00, шаҳри Душанбе

2 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Дафтари СММ оид ба мусоидат ба бунёди осоишта дар Тоҷикистон Иво Петровро қабул намуд.

Зимни вохӯрӣ Иво Петров ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи натиҷаҳои сафараш ба мамлакатҳои кӯмакрасонандаи асосии Тоҷикистон, ки намояндагонашон бояд дар кори ҷаласаи токиоии Гурӯҳи машваратӣ оид ба мусоидати иқтисодӣ ба Тоҷикистон дар давраи баъдиҷангӣ иштирок намоянд, иттилоъ дод.

facebook
twitter

Ироаи бо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ироаи бо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

02.05.2001 12:30, шаҳри Душанбе

2 май Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат суханронӣ кард.

facebook
twitter

Мулоқот бо Раиси Ассамблеяи Парламентии САҲА Адреан Северин

Мулоқот бо Раиси Ассамблеяи Парламентии САҲА Адреан Северин

30.04.2001 15:00, шаҳри Душанбе

30 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи Парламентии САҲА Адреан Северинро, ки бори аввал ба мамлакати мо ташриф овардааст, қабул намуд.

Дар рафти вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки ташрифи А.Северин ба таҳкими ва инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳои ҶТ бо САҲА ва сохторҳои он мусоидат менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520