Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати рўзи Конститутсия

05.11.2000 11:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Шашуми ноябр дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи махсуси таърихӣ сабт шудааст, ки ҳар сол бо тантанаи хосса ҷашн гирифта мешавад.

Басо рамзист, ки таҷлили имсолаи Рӯзи Конститутсия дар интиҳои асри XX, ки ба анҷомаш рӯзҳои башумор мондаст, рост омад.

Солгарди навбатии Конститутсияро дар оғози асри бисту якум, ки бешубҳа барои тамоми дунё, аз ҷумла барои Тоҷикистони азизи мо садсолаи пешрафту тараққиёт ва дастовардҳои беназир хоҳад буд, ҷашн мегирем.

Дар ин рӯзи фаромӯшнашаванда лозим ба ёдоварист, ки дар таърихи давлатдории миллии мо бори нахуст ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии миллат қабул гардид, ки дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил камназир мебошад.

Бо қаноатмандии тамом метавон гуфт, ки эҷоди Конститутсияи давлати баъд аз ҳазор сол эҳёгардидаи тоҷикон бо ҷалби ҳамаи нерӯҳои зеҳнии ҷомеа ва дар заминаи таҷрибаю дастовардҳои инсоният дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва дар айни замон бо дарназардошти манфиатҳои олии миллат ва ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, инчунин анъанаҳои қадимаи таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои хоси миллии мо сурат гирифта буд.

Конститутсияи мо ҳамчун маҷмӯи комили принсипҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби созмонҳои обрӯманди байналмилалӣ эътироф гардид. Бинобар ин мо эътимод бар он дорем, ки ин санади сарнавиштсоз дар таҳкими шохаҳои асосии ҳокимият ва низоми давлатдорӣ дар оянда низ нақши ниҳоят муҳим хоҳад бозид.

Аз баракати ин санади олии тақдирсоз ва ифодакунандаи мақсаду мароми давлати соҳибистиқлоламон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии халқи мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал пайвастанд.

Конститутсия, пеш аз ҳама, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфт. Конститутсия ҳамчунин санади бунёдиву созандае гардид, ки имрӯз дар асоси он ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳуқуқҳои қонунии худро мешиносад ва аз онҳо баҳравар мешавад.

Аз ин рӯ, мо бояд эҳтиром намудани ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имкониятҳои он ҳарчӣ бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад.

Чунон ки ҳама огоҳед, соли гузашта зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия пеш омад. Ин тасодуф набуд. Ҳаёт пайваста пеш меравад, дигаргун мешавад.

Мо бояд набзи зиндагиро эҳсос кунем ва мувофиқи талаботи он қадам бардорем.

Падидаҳои нав дар ҳаёти ҷомеа масъалаи ворид намудани баъзе тағйироту иловаҳоро ба Конститутсия пеш гузоштанд.

Бо дарназардошти ин мо дар баробари ҳифзи принсипҳои асосии ҷомеаи демократӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати хешро мувофиқи талаби замон такмил додем. Бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон ин чорабинии пураҳамият низ бо муваффақият анҷом ёфт.

Баъди ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия дар ҳаёти сиёсии мамлакат дигаргуниҳои муҳим ба миён омаданд. Пеш аз ҳама дар асоси меъёрҳои демократӣ интихоботи Президент ва Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ гузаронида шуданд.

Тибқи Конститутсия ташкил намудани ду Маҷлис, яъне Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва дар асоси принсипи бисёрҳизбӣ гузаронидани интихоботи озоди вакилон дар таърихи давлатдориамон падидаи нав гардид.

Конститутсия дар бобати фароҳам овардани сулҳи комил ва ризоияти миллӣ дар саросари мамлакат нақши асосӣ бозид.

Зеро дар он тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ, ҳукуқбунёд ва дунявӣ таҷассум ёфтанд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ҷавобгӯйи талаботи замон мебошанд.

Аз ҷумла садоқат ба ғояҳои олии башардӯстона, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҷомеаи озод, ҳифз ва ҳимояи истиқлолияти сиёсиву иқтисодии давлат, таъмини ҳаёти осоишта ва шоистаи шаҳрвандон, волоияти қонун дар ҷомеа, дарки масъулият дар назди наслҳои имрӯзу оянда, пешбурди сиёсати сулҳҷӯёна аз эҳтироми истиқлолияти сиёсӣ ва тамомияти арзии дигар давлатҳои ҷаҳон принсипҳое мебошанд, ки бо иродаи тамоми мардуми Тоҷикистон дар Конститутсия таҷассум ёфтаанд.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки зиндагию фаъолияти мо минбаъд низ бояд пурра дар доираи Конститутсия сурат гирад. Яъне Конститутсня бояд воқеан раҳнамои зиндагиву фаъолияти ҳар як шаҳрванд, инчунин ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бошад.

Ҳоло сиёсати дар асоси Конститутсия пешгирифтаи давлатро на танҳо кулли мардуми Тоҷикистон, балки созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва аксари давлатҳои ҷаҳон пуштибонӣ ва дастгирӣ менамоянд.

Сабаби чунин пуштибониро ман дар он мебинам, ки дар ҷумҳурӣ барои фаъолияти озодонаи сиёсию иқтисодӣ бо дарназардошти меъёрҳои демократияи воқеӣ тамоми заминаҳо ва шароитро муҳайё карда тавонистем.

Яке аз дастовардҳои мо, аз ҷумла ин аст, ки барои фаъолияти озодонаи ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ имконияти васеъ дода шудааст.

Хотиррасон менамоям, ки истифода аз ин ҳукуқу имкониятҳо бояд танҳо дар доираи қонун сурат гирад. Фақат дар чунин ҳолат мо метавонем оромиву суботи ҷамъиятиро нигоҳ дорем, сохтмони ҷомеаи озоду демократиро идома диҳем ва волоияти қонунро дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ таъмин намоем.

Вобаста ба ин мехоҳам таъкид намоям, ки муҳимтарин масъала имрӯз ба роҳ мондани омӯзиши амиқи Конститутсия, ҳамчунин рамзҳои давлати миллӣ, яъне Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ҳанӯз дар боғчаҳои бачагонаву синфҳои ибтидоӣ мебошад.

Бояд ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, дарки моҳияти давлатдории миллӣ бо тамоми рамзҳояш ҳанӯз бо шири модар дар ҷону хиради ҳар як фард маъво гирад ва аз насл ба насл гузарад.

Амиқ донистани Конститутсия имкон медиҳад, ки шаҳрвандон дар бораи ҳукуқ ва ӯхдадориҳои хеш дар назди давлат ва ҷомеа тасаввуроти пурра дошта бошанд ва дар зиндагии ҳамарӯза аз онҳо дуруст истифода кунанд.

Дӯстони мӯҳтарам!

Дар давлати мо мутобиқи Конститутсия ба ҳамаи шаҳрвандон беистисно кафолати ҳуқуқу озодиҳо дода шудаанд. Ҳаёт, қадр, номусва дигар ҳукуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эълон гардидаанд. Ҳамчунин дар ҷомеаи мо мардону занон ҳукуқи баробар доранд.

Бо мақсади татбиқи амалии ин баробарҳуқуқӣ давлат ҳамеша кӯшиш менамояд, ки иштироки бештари занон дар ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар корҳои идораи давлат низ таъмин карда шавад.

Бо дарназардошти ин 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" имзо шуд, ки яке аз фармонҳои аввалини ман баъди интихоботи Президент мебошад.

Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки Фармони мазкур дар амал татбиқ гардида истодааст. Аз қабули Фармон то ба ҳол як гурӯҳи калони занони бомаърифат, кордон ва фаъол ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ ва таъин карда шуданд.

Мо ба занон иҷрои вазифаи роҳбариро қариб дар тамоми сохторҳои давлатӣ, аз муовини Сарвазир ва вазир сар карда, то раиси кумитаву муовини вазир ва мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, яъне намояндагони Президент дар маҳалҳо супоридаем ва ин сиёсатро минбаъд низ идома хоҳем дод.

Шубҳае нест, ки занон ба хотири манфиатҳои олии халқу Ватан хизмати шоиста мекунанд ва дурустии сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатро дар ин масъала бо фаъолият ва кордонии худ исбот менамоянд.

Мо мефаҳмем, ки фақат бо таъини занони фаъолу кордон ба вазифаҳои масъул масъалаҳои тамоми занони кишварамон ҳал намешаванд.

Мо ҳамеша ба қадри модарону хоҳарони худ мерасем ва ҳоло бори дигар таъкид менамоем, ки зани тоҷик ба зиндагии беҳтар ҳақ дорад.

Дар айни замон, онҳо ҳамчун қувваи бузурги ҷомеа метавонанд дар таҳкими пояҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа, густариши вахдати миллӣ дар тамоми мамлакат ва гузашта аз ин, нигоҳ доштан ва солим гардонидани генофонди миллат ҳиссаи аз ин ҳам бештар гузоранд.

Ба ин хотир, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як санади бисёр муҳим, яъне Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини имкониятҳои баробари мардон ва занон таҳия шуда истодааст, ки вақтҳои наздик дар ҷаласаи Ҳукумат баррасӣ хоҳад шуд.

Яке аз ҳадафҳои асосии барномаи мазкур ғайр аз баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон таъмини дастёбии баробари мардон ва занон ба захираҳои моддиву ғайримоддии ҷомеа мебошад.

Хулоса, давлат тадриҷан ҳамаи тадбирҳоро меандешад, ки занони кишвар ҳуқуқҳои инсонӣ ва иҷтимоии худро бештар дарк намоянд ва аз онҳо озодона истифода баранд.

Дар баробари ин, занон набояд фаромӯш кунанд, ки саломатии наслҳои имрӯза ва оянда, сифати генофонди миллат, ҳифзи фазои сулҳу оромӣ ва таҳкими минбаъдаи ваҳдат, ташаккули ҷаҳонбинии муосир дар шуури насли ҷавон, парвариши эҳсоси гарми ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ аз онҳо вобастагии зиёд дорад.

Итминони комил дорам, ки занони тоҷик анъанаи модарони баномуси худро, ки дар тӯли садсолаҳо ҳазорон фарзандони оқилу донишманд ва миллатдӯсту давлатдорро дар домани поки худ парвариш додаанд, минбаъд низ идома медиҳанд ва сарзамини муқаддаси мо — Тоҷикистони азизро нуру зиё мебахшанд.

Роҳбарияти давлат ҳамчунин ба ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва духтарон эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Аз ҷумла, масъалаи касбомӯзии ҷавонон, мувофиқи квотаи Президент ба мактабҳои олӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ қабул кардани духтарон, пеш аз ҳама, аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, минбаъд бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо ва умуман ҷавонон дар маркази диққати мо қарор дорад.

Зеро ҷавонон дар ҷомеаи мо қувваи бузурганд. Тоҷикистонро бехуда кишвари ҷавонон намегӯянд.

Шубҳае нест, ки ҷавонони мо минбаъд низ қувваи худро фақат ба ободии Ватан ва баланд бардоштани обрӯйи миллат сарф мекунанд. Ояндаи Тоҷикистон ва дар қатори давлатҳои пешрафта ҷой гирифтани давлати тоҷикон аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кӯшишу ғайрати ҷавонон вобаста аст.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Тавре ки дар моддаи 42 Конститутсия зикр гардидааст, дар қаламрави Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Яъне дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки моҳияти давлату давлатдории мост, волоияти қонун таҳкурсии ба низом даровардани тартиботи ҷамъиятӣ таъмини риояи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ сарчашмаи амнияти миллату давлат ва пешрафти ҷомеа мебошад.

Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи қонуният барои ҳама, сарфи назар аз вазифаю мақоми иҷтимоӣ шарту зарур аст.

Давлат дар бобати таҳкими қонуният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пеш аз ҳама, ҷинояткории муташаккил, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хулоса таъмини амнияти миллӣ пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ин самт супоришҳои маҷлиси машваратии умумиҷумҳуриявии 9 феврали соли 1999, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи қатъиян манъ намудани баромадани хизматчиёни ҳарбӣ аз ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ бо силоҳ ва техникаи ҳарбӣ", "Дар бораи барҳам додани хизмати ҳарбӣ дар асоси қарордод дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дастури фаъолият қарор дода, ба натиҷаҳои муайяни мусбӣ ноил шуданд.

Ҳоло бо гузашти муддати муайян метавон гуфт, ки дар натиҷаи қабули ин санадҳо дар мамлакат риояи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ то андозае тақвият ёфт.

Мардум иқдомҳои роҳбарияти давлатро дар ин хусус бо қаноатмандӣ пазируфтанд ва аз устувории вазъи сиёсию ҳуқуқӣ рӯҳбаланд гашта, кори созандагиро идома дода истодаанд.

Саҳми назарраси кормандони мақомоти ҳифзи ҳукуқ ва сохторҳои дахлдорро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ махсус қайд карда, ба онҳо барои хизматашон дар роҳи фароҳам овардани муҳити солиму осоишта, таъмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ арзи сипос менамоям.

Дар баробари ин хотирнишон месозам, ки барои таҳким бахшидан ва афзоиш додани пешравиҳои бадастомада дар назди мақомоти мазкур ҳанӯз вазифаҳои зиёд ва мураккаб истодаанд.

Аз ин рӯ, боварӣ дорам, ки муборизаи беамон бар зидди тамоми намудҳои қонуншиканӣ ба меъёри доимии фаъолияти ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил меёбад.

Воқеан, устувории вазъи сиёсию ҷамъиятӣ шарти аввалини устувории вазъи иқтисодию иҷтимоӣ аст. Дар ҷомеа ҳар қадар тинҷию оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва риояи қонунияту тартибот ҳукмфармо бошад, пешравӣ ва тараққиёт ҳамон қадар бештар ба даст меояд.

Мо дар ҷумҳурӣ сулҳу субот ва устувории вазъи сиёсиро таъмин намудем, вале ҳолати ноороми минтақа, хусусан ҷанги дохилии Давлати Исломии Афғонистон, ки вақтҳои охир ниҳоят пуршиддат шудааст, давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистонро сахт ба ташвиш овардааст.

Имрӯзҳо дар ҷаҳон боз як нуқтаи ноором ва пуршиддат пайдо шудааст, ки боиси нигаронии аҳолии солимфикри сайёра мебошад.

Ман муқовимати Шарқи Наздикро дар назар дорам. Мо чунин мешуморем, ки вазъияти баамаломада танҳо бо саъю кӯшиши қотеонаи созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид ҳаллу фасл шуда метавонад. Ҷаҳони муосир барои ҳалли ғайринизомии чунин низоъҳо таҷрибаи зиёд андӯхтааст.

Дар хусуси қазияи Афғонистон низ мавқеи мо бетағйир аст. Яъне масъалаи муқовимати мусаллаҳонаи тарафҳои даргирро бо роҳи низомӣ ҳал кардан ғайриимкон аст.

Он танҳо бо роҳи музокирот ва ба назар гирифтани манфиати ҳамаи тарафҳо ҳалли худро хоҳад ёфт.

Дар ин бобат ман борҳо аз минбари созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва сӯҳбату вохӯриҳо бо сарварони давлатҳои гуногуни ҷаҳон ақидаи худро баён намудаам.

Имрӯз ҷаҳониён ҳама медонанд, ки муқовимати дохилии Афғонистон ба таъсису ривоҷи шабакаи марказҳои террористӣ, майдони машқи ташкилотҳои тахрибкор ва парваришу қочоқи маводи мухаддир дар ин сарзамин мусоидат кардааст.

Ин ҳолат хоху нохоҳ боиси он мегардад, ки тавассути сарҳади ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Тоҷикистон бо роҳи қочоқ гузаронидану паҳн намудани маводи мухаддир, силоҳ, инчунин адабиёту дастурҳои тахрибкорӣ домани васеъ пайдо намояд.

Боиси таассуфи зиёд аст, ки аз ин ҳолати ногувор душманони миллат ва давлати тоҷик истифода намуда, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита вазъиятро мураккаб созанд ва дар ниҳояти кор Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ бадном карда, мавқеи онро суст намоянд.

Баъзе расонаҳои хабарӣ кӯшиш мекунанд, ки воқеиятро ғаразнок инъикос намуда, ба мардуми мо тӯҳмати ноҳақ зананд. Вале миллати тоҷик мақоли пурҳикмате дорад: "бори каҷ ба манзил намерасад".

Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки халқи мо кайҳо дӯсту душманашро шинохтааст ва дигар фирефтаи дасисакорон намешавад.

Мо бояд ба равандҳое, ки дар миқёси ҷаҳони имрӯза пайваста ба вуҷуд меоянд ва гоҳо ин ё он гӯшаи сайёраро чун зилзила такон медиҳанд, баҳои дуруст дода, мавқеи худро нисбати онҳо муайян карда тавонем.

Аз касе пӯшида нест, ки баъд аз шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ тақсимбандии ҷаҳон аз нав шурӯъ гардид. Агар равшантар гӯем, талоши давлатҳои абарқударт барои соҳиб шудан ба манбаъҳои бузурги ашёи хому сӯзишворӣ қувват гирифта истодааст.

Дар натиҷа як қатор мамлакатҳо ба доираи бозиҳои сиёсии давлатҳои манфиатдор кашида мешаванд ва аз ин халқҳои бисёр зарар мебинанд. Далели ин гуфтаҳо Афғонистони ба мо ҳамсоя мебошад.

Сабабгори ҷанги тӯлкашида дар ин сарзамин фақат халқи афғон нест. Мардуми Афғонистони ба мо ҳамсоя бояд инро ба хубӣ дарк карда, ҳарчӣ зудтар бо роҳи мусолиҳатомез мушкилоти хешро ҳал намоянд.

Шиддат гирифтани вазъият дар Шарқи Наздик бисёр омилҳои берунӣ низ дорад. Ё агар ба таърихи начандон дури давлати худ назар кунем, пас хоҳем дид, ки ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон ҳам аз бисёр ҷиҳат таҳмилӣ буд.

Бо ин ҳама ман гуфтанӣ ҳастам, ки мо бояд азмисолҳои овардашуда хулосаи даркорӣ барорем ва ҳаргиз роҳ надиҳем, ки давлатҳои абаркудрат моро бозичаи дасти худ кунанд.

Ҳақиқати ҳол ин аст, ки Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофию геополитикии худ дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Афғонистон дар мавқеи ниҳоят ҳассос қарор дорад.

Ба ҳама маълум аст, ки Афғонистони ҷангзада имрӯз ба манбаи дар ҷаҳон калонтарини истеҳсоли маводи мухаддир ва макони террористон табдил ёфтааст.

Азбаски чашми паҳнкунандагони маводи мухаддир пеш аз ҳама ба Россия ва баъдан ба кишварҳои Аврупо дӯхта шудааст, табиист, ки гарди заҳролуди ин боди харобиовар дар навбати аввал ба сари мардуми мо мерезад.

Тоҷикистон, ки бар зидди маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм муборизаи беамон мебарад, имрӯз дар миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Афғонистон ҳамчун як сипар ё ба таври дигар гӯем, минтақаи буферӣ аст.

Сарҳади тӯлонии Тоҷикистону Афғонистон фақат сарҳади давлати мо нест, балки марзҳои ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Аз ин рӯ, ба манфиати ҳамаи мост, ки тӯҳмату бӯҳтон ва ахбори ғаразнок доир ба вазъи Тоҷикистон хотима ёбад ва бо кӯшиши якҷоя, чунон ки Шартномаи амнияти дастҷамъӣ тақозо мекунад, пеши роҳи офати азим — маводи мухаддир, қочоқи яроқ ва терроризми байналхалқӣ гирифта шавад.

Хотирнишон бояд сохт, ки соли ҷорӣ дар Форуми Шанхай ва вохӯрии Сарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ин масъалаи ташвишовар ҳуҷҷатҳои хеле муҳим қабул гардида буданд.

Чунон ки таҳлил нишон медиҳад, бо дарназардошти вазъи минтақа мардуми моро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Вақтҳои охир гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки ғояҳо ва идеологияи барои мо хатарноки худро мехоҳанд ба сари халқи тоҷик таҳмил намоянд.

Мо аллакай як маротиба меваи талхи пайравӣ аз идеологияи бегона ва умуман бегонапарастиро чашидем.

Ҳамеша дар хотир доштан зарур аст, ки ба ғайр аз худамон ягон давлат, ягон халқу миллат Ватани моро обод намекунад, бинобар ин фирефтаи ҳар гуна ақидаҳои иғвогарона набояд шуд.

Вазъияте, ки дар мамлакати мо ҳукфармо буд ва мушкилиҳое, ки ба иллати он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум ба вуҷуд омада буданд, ба ҳама маълум аст.

Хушбахтона, давраи мудҳиш аз сари мардум дур шуда, имконияти васеи созандагӣ фаро расид. Вале рӯҳияи таваккалӣ ва муросокорӣ бо мушкилоти мавҷуда аз вуҷуди бисёриҳо то ҳанӯз берун нашудааст.

Табиист, ки агар чунин рӯҳия тағйир наёбад, чунин тарзи зиндагӣ ҳам муддати дароз боқӣ хоҳад монд.

Биёед, таҷрибаи мамлакатҳоеро, ки як замон ҳолати вазнинро аз сар гузаронида буданд, ба хотир орем. Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар аксар шаҳрҳои Германияву Япония аз биною иншооти боҳашамат ва заводу фабрикаҳои калонтарин танҳо хокистар боқӣ монда, сатҳи зиндагии мардум ба дараҷаи тасаввурнашаванда паст рафта буд.

Вале мардуми ин кишварҳо ба ноумедию бечораҳолӣ гирифтор нашуда, баръакс вобаста ба тақозои ҳамон давра бо рӯҳияи баланди милливу ватандӯстӣ ду-се баробар бештар меҳнат карданд, маҳрумият диданд, ранҷ кашиданд.

Ин буд, ки дар муддати начандон зиёд мамлакаташонро бо дасти худ на танҳо барқарор намуданд, балки ба давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ аз ҳама пешрафтаи олам табдил доданд.

Мо бошем, тараққиёти имрӯзаи онҳоро дида, ба ҷойи ибрат гирифтан ва ҳарчи бештар меҳнат кардан, ҳавас мекунему афсӯс мехӯрем. Ҳол он ки на худамон ва на захираю бойигариҳои табиӣ ва на заминаи фарҳангиамон аз онҳо кам нест.

Аз ҳама муҳимаш он аст, ки ҳуқуқ, кафолат ва шароиту имконияте, ки шаҳрвандони мамлакатҳои мутамаддини ҷаҳон доранд, ҳамаи онҳоро Конститутсия ва дигар қонунҳои давлати соҳибистиқлоламон ба мо додаанд.

Таъмини волоияти қонун, ҳамчунин омӯзишу татбиқи тачрибаи мамлакатҳои пешрафта, тарбияи худшиносии миллӣ, ҳисси ватанпарварию меҳнатдӯстӣ метавонанд мамлакати моро низ ба сатҳи баланди тараққиёт расонанд.

Дар омади сухан бояд гӯям: мо тавонистем модели пурсамар ва нодири ҳалли сиёсии низои дохилиро ба вуҷуд оварем, бо таҷрибаи сулхофарини худ ба ҷаҳониён сабақ нишон диҳем, чаро натавонем, ки намунаи меҳнатдӯстиву ободгарӣ низ бошем? Фикр мекунам, ки миллати тоҷик метавонад дар ҳама корҳои хайр тимсоли беҳтарин бошад.

Аз ин рӯ, таъкид месозам, ки дар як ҳолат боқӣ мондан ва ё бо суръати зарурӣ пеш рафтан аз бисёр ҷиҳатҳо ба дарки масъулият ва саъю кӯшиши худамон вобаста аст.

Ҳукумати Тоҷикистон сарфи назар аз мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар давоми солҳои охир бунёди сохтмони иншооти азимро ба анҷом расонида, ҳоло бо сохтмонҳои объектҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла нерӯгоҳҳои хурду калони барқӣ, дар навбати аввал нерӯгоҳи барқии Сангтӯда, роҳҳои оҳану автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявию байналхалқӣ, туннели Анзоб ва ғайра машғул аст.

Бо мақсади дастгирии моддии гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум Ҳукумат як Барномаи мушаххасро бо номи "Кам кардани дараҷаи камбизоатӣ" таҳия кардааст. Ин Барнома аз тарафи ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ, аз ҷумла Хазинаи байналмилалии асъор пурра дастгирӣ ёфт.

Ҳукумат дар асоси Конститутсия, ки барои пайдоиши шаклҳои гуногуни моликият заминаи ҳуқуқӣ ба вуҷуд овардааст, инчунин дар доираи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатиро суръат бахшида истодааст.

Вазифа ва қарзи ватандории соҳибони чунин моликият ва умуман ҳар як соҳибкор ин аст, ки онҳоро обод намоянд, мувофиқи таъиноташон ба истифода дода, маҳсулоти бозоргир ва ба рақобат тобовар бароранд, ҷойҳои нави корӣ муҳайё созанд.

Танҳо дар ҳамин сурат ҳам соҳиби корхона фоида мебинад, ҳам коргарону мутахассисон ҷойи кор меёбанд ва табиист, ки вазъи иқтисодии кишвар рӯ ба инкишоф меораду Ватан обод мегардад.

Дигар вазифаи муҳимтарине, ки ҳоло дар назди мо қарор дорад, таъмин намудани истиқлолияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад.

Ба ибораи дигар, таҳкими истиқлолияти сиёсй аз таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва энергетикӣ вобаста аст.

Иҷрои ин вазифаи таърихӣ аз ҳар кадоми мо кӯшишу ғайрати дучанд ва меҳнати доимиро талаб мекунад.

Модоме ки давраи нави таърихи худро марҳилаи созандагӣ ва бунёдкорӣ эълон кардаем, ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки дар ин кори хайру ватандӯстона ҳиссаи арзанда гузорад.

Ҳамватанони азиз!

Чанд рӯз пеш дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон боз як саҳифаи нав кушода шуд.

26 октябри соли ҷорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми нави пулӣ муайян гардид, ки мутобиқи он аз 30 октябри ҳамин сол дар мамлакат баъди ҳазор сол аввалин маротиба асъори миллии Тоҷикистон бо номи "сомонӣ" ба муомилот бароварда шуд.

Акнун вазифаи ҳамаи мо аз он иборат аст, ки маъракаи ҷорӣ кардани низоми пулиро муташаккилона, бе воҳимаву саросемагӣ ва мувофиқи тартибу вақти муқарраршуда гузаронида, иҷрои Фармони мазкур ва Қарори Ҳукуматро доир ба ин масъалаи муҳимтарин таъмин намоем.

Ман ба Вазорати адлия супориш додам, ки дар давоми як моҳ лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ дар бобати пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ омода созад.

Ҳамаи ин корҳо ба хотири ҳимояи манфиатҳои халқ анҷом дода мешаванд.

Ҳоло мардум фаҳмидаанд, ки аз ин иқдоми роҳбарияти давлат ба касе зарари молиявӣ намерасад.

Аҳолии мамлакат хуб дарк кардааст, ки мақсади мо аз ҷорӣ намудани низоми пули миллӣ, пеш аз ҳама, густариши минбаъдаи ислоҳоти иқтисодӣ, пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ва бо ҳамин роҳ то андозаи имкон таъмин намудани зиндагии осудаи шаҳрвандон дар асоси устувор нигоҳдоштани курби пули миллиамон мебошад.

Пули миллӣ воқеан яке аз нишонаҳои истиқлолияти давлат аст. Ба ибораи дигар гӯем, бе пули миллӣ истиқлолияти миллӣ нопурра ва ноқис аст.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо пули сомонӣ ифтихор намояд ва ҳар кас ба қадри тавони худ ва аз рӯйи виҷдон бояд тавре кор кунад, ки гардиши озодонаи пули нав таъмин гардад ва қурби он ҳамдар бозори дохилӣ ва ҳам дар муомилоти тиҷоратии байналхалқӣ муносиб ба номаш, яъне сомонӣ нигоҳ дошта шавад.

Соли оянда, яъне дар соли нахустини асри XXI мо 10-солагии истиқлолияти Тоҷикистонро ҷашн мегирем, ки ин сана на танҳо барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, балки барои тамоми тоҷикони ҷаҳон иди фархунда ва тантанаи миллӣ мебошад.

Бинобар ин қарзи имониву шаҳрвандии ҳар кадоми мо ин аст, ки барои воқеан шоиставу арзанда истиқбол намудани ин ҷашни бузурги миллӣ аз имрӯз омодагӣ гирем.

Даҳсолагӣ на фақат ҷашни истиқлолияти давлати тоҷикон, балки тантанаи вахдати миллӣ, нишонаи садоқату шукрона ба Ватан ва ҷашни меҳнати созанда ба хотири ободиву пешрафти диёри азизамон - Тоҷикистон бояд бошад.

Ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад, мафҳумҳои озодӣ, истиқлолият ва Конститутсияро муқаддас мешуморад, бояд ҳамаи андешаву амали худро ба он равона созад, ки омодагӣ ба ҷашни истиқлол ба марҳилаи нави таъмини волоияти қонун, болоравии эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва таҳкими ваҳдат мубаддал гардад.

Бо ҳамин нияти неку умедворӣ ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро бо Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, ба ҳар кадоматон саломатӣ, хушиҳои рӯзгор ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон ғайрату бурдборӣ ва комёбиҳо орзу менамоям.

Бигузор Конститутсия боз садсолаҳо роҳнамои халқи мо ба сӯйи ҷомеаи озоду пешрафта ва мутамаддин бошад, то ки давлати тоҷикон дар сафи давлатҳои тараққикардаи дунё қарор гирад.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520