Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём ба Аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём ба Аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.04.2001 12:00, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Соли гузашта барои мо боз як давраи таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва идомаи ислоҳоти пайдарҳами иқтисодӣ буд. Дар ин муддат мо ба ҳамкории самараноку доимӣ миёни ҳокимияти олии қонунгузори касбӣ ва ҳокимияти иҷроия муваффақ шудем, ки ин дар таърихи миллатамон падидаи нав аст.

facebook
twitter

Мулоқот бо Дабири Кулли САҲА Ян Кубиш

Мулоқот бо Дабири Кулли САҲА Ян Кубиш

25.04.2001 16:00, шаҳри Душанбе

25 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири Кулли САҲА Ян Кубиш, ки ба мамлакати мо бо сафари расмӣ омадааст, вохӯрд.

Сардори давлат таваҷҷӯҳи Ян Кубишро ба ҳамкориҳои боз ҳам самарабахши САҲА оид ба масъалаҳои меъёрҳои инсонӣ, таҳкими сохторҳои демократии ҷомеа ва асосҳои иқтисодии амният ҷалб намуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кёко Накаяма

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кёко Накаяма

25.04.2001 12:00, шаҳри Душанбе

25 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кёко Накаямаро қабул намуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин мавзӯи тайёр намудани сафари аввали Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷопон ва ҷаласаи токиогии Гурӯҳи машваратии мамлакатҳои мададрасони Тоҷикистон дар моҳи маи соли 2001 мавриди муҳокима қарор дода шуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо намояндагони ташкилотҳои байналхалқии молиявию қарзӣ

Мулоқот бо намояндагони ташкилотҳои байналхалқии молиявию қарзӣ

24.04.2001 11:00, шаҳри Душанбе

24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндагони ташкилотҳои байналхалқии молиявию қарзиро, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, қабул намуд.

Дар рафти вохӯрии муштарак роҳбарони намояндагиҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, ки сармоягузорони асосии лоиҳаҳои иқтисодии инкишоф дар Тоҷикистон мебошанд, дар бораи натиҷаҳои амалигардонии барномаҳои муштарак ва лоиҳаҳо дар ҷумҳурӣ, нақшаҳо ва дурнамои ҳамкориҳо дар ояндаи наздик ба Эмомалӣ Раҳмон ба таври умумӣ иттилоъ доданд.

facebook
twitter

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

22.04.2001 15:00, Русия

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Россия Владимир Путин ба Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуд ва ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории тарафайн, вазъи минтақа ва ҷаҳони муосир гуфтушуниди тӯлонӣ анҷом доданд.

facebook
twitter

Мулоқот бо гурӯҳи роҳбарони намояндагиҳои ҳарбии сафоратхонаҳои як қатор давлатҳои аврупои

Мулоқот бо гурӯҳи роҳбарони намояндагиҳои ҳарбии сафоратхонаҳои як қатор давлатҳои аврупои

19.04.2001 14:00, шаҳри Душанбе

19 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи роҳбарони намояндагиҳои ҳарбии сафоратхонаҳои як қатор давлатҳои аврупоиро, ки дар Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, аз ҷумла кшварҳои Фаронса, Шветсия, Финландия, Дания ва Норвегияро қабул намуд.

Дар вохӯрӣ роҳбарони сохторхои қудратӣ ва ҳарбии ҷумҳурӣ, гурӯҳи марзбонии Россия иштирок намуданд.

facebook
twitter

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои намояндагии Академияҳои улуми давлатҳои ИДМ, Ветнам ва Муғулистон

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои намояндагии Академияҳои улуми давлатҳои ИДМ, Ветнам ва Муғулистон

18.04.2001 09:00, шаҳри Душанбе

18 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз маҷлиси ботантана ба муносибати 50-солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои намояндагии Академияҳои улуми давлатҳои ИДМ, Ветнам ва Муғулистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ мулоқот намуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо Президенти Академияи илмҳои Украина Борис Патон

Мулоқот бо Президенти Академияи илмҳои Украина Борис Патон

17.04.2001 12:00, шаҳри Душанбе

17 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Академияи илмҳои Украина Борис Патонро, ки ҷиҳати ширкат дар маъракаи тантанавӣ ба муносибати 50-солагии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ омадааст, ба ҳузур пазируфт.

facebook
twitter

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

12.04.2001 15:00, шаҳри Душанбе

12 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир намуд.

facebook
twitter

Мулоқот бо вазири саноат, илм ва технологияи Федератсияи Россия Александр Дондуков

Мулоқот бо вазири саноат, илм ва технологияи Федератсияи Россия Александр Дондуков

12.04.2001 11:00, шаҳри Душанбе

12 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамраиси комиссияи Тоҷикистону Россия оид бо ҳамкории иқтисодӣ, вазири саноат, илм ва технологияи Федератсияи Россия Александр Дондуков мулоқот намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520