15 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як силсила қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузошт, ки тибқи онҳо як қатор роҳбарони мақомоти марказӣ бо сабаби ба нафақа баромаданашон аз вазифа озод карда шуданд.
Аз ҷумла, Қаюмов Н. аз вазифаи муовини вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, Шафоев В. аз вазифаи муовини Вазири мелиоратсия ва хоҷагии об, Рафиев Ҳ. аз вазифаи муовини Вазири тандурустӣ, Соҳибназаров А. аз вазифаи муовини аввали Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷанобилов М. аз вазифаи муовини Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфов Ш. аз вазифаи муовини Директори Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилов Б.М. аз вазифаи Раиси Корпоратсияи "Маводи сохтмон", Ҳақназаров С. аз вазифаи муовини Раиси Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии "Хӯрокворӣ", Петров Г.Н. аз вазифаи муовини Раиси ШДСҲ "Барқи тоҷик", Абдуллоев М. аз вазифаи муовини раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Воҳидов В. аз вазифаи раиси ҶСШК "Тоҷикдеҳкимиё", Мардонов Р. аз вазифаи муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи "Ҷумҳурият", Маҷидов Ш. аз вазифаи Намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Маҷористон озод карда шуданд.