Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хадамот) идораи мустақили Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мебошад.

Хадамот доир ба тарғибу ташвиқи фармон, амр ва дастурҳои Президенти Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори умум фаъолият намуда, ба ташаккули афкори мусбати ҷомеа мусоидат мекунад.

Вазифаҳои асосии Хадамот аз таъминоти иттилоотии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат тавассути омода кардани ахбори расмӣ, гузоришҳои муфассал ва дигар маводи иттилоотию таҳлилӣ оид ба ҷараён ва натиҷаҳои он, гузаронидани нишастҳои матбуотӣ ва мусоидат кардан ба воситаҳои ахбори умум баҳри омодасозии мавод иборат мебошад.

Хадамот иҷрои вазифаҳои худро дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятӣ ва хадамоти матбуотии онҳо ва ҳамчунин бо воситаҳои ахбори умум ба роҳ мемонад.

Масъулони хадамоти матбуот ҷараёни равандҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии дохил ва хориҷи кишвар ва ҳамчунин инъикоси фаъолияти Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакатро дар воситаҳои ахбори умум пайваста зери назорат қарор дода, дар ҳолатҳои зарурӣ ба роҳбарият ахборот пешниҳод мекунанд.

 

ҚОСИМӢ Заробиддин
роҳбари хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Заробиддин Қосимӣ 4 ноябри соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ. Соли 1991 Донишгоҳи милии Тоҷикистонро бо ихтисоси забонҳои шарқ хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро соли 1990 ҳамчун омӯзгори забонҳои арабию форсӣ ва забону адабиёти тоҷик дар мактаби миёна оғоз намудааст.

Солҳои 1992-1993 ходими хурди илмии пажӯҳишгоҳи ҳуқуқ ва фалсафаи Шарқи Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Аз соли 1993 то соли 1996 дар мансаби нозир ва нозири калони Маркази матбуоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1996 то соли 2005 сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Солҳои 2005-2015 дар мансабҳои машваратчии калон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини роҳбари хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз соли 2015 то соли 2016 Директори АМИТ «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Солҳои 2016-2020 дар мансаби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва солҳои 2020-2024 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср кор кардааст.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2024 роҳбари хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Рутбаи дипломатии Фиристодаи Фавқулода ва Мухтори дараҷаи II ва рутбаи тахассусии Мушовири давлатии дараҷаи 3 дорад.

Забонҳои русӣ, арабӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520