Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муроҷиатнома ба муносибати ислоҳоти пули дар кишвар

26.10.2000 18:00

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз дар таърихи навини халқи тоҷик як саҳифаи тоза оғоз мешавад. Тоҷикистон соҳиби низоми нави пулӣ мегардад.

Бо мақсади такмили минбаъдаи низоми пулӣ ва дар ин замина баланд бардоштани нақши пули миллӣ дар иқтисодиёти мамлакат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Фармон дар бораи иваз намудани рубли тоҷикӣ ба пули нави миллӣ мебошад, ки мутобиқи он аз 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон СОМОНӢ ба муомилот бароварда мешавад.

Аз касе пӯшида нест, ки пули миллӣ яке аз рукнҳои асосии истиқлолият ва дар айни замон, яке аз нишонаҳои муҳимтарини мустақилияти давлат мебошад. Бисёр рамзист, ки пули миллии мо дар остонаи асри XXI, яъне арафаи ивазшавии ду ҳазорсола ва баъди 1100 соли давлатдории миллии гузаштагонамон — Сомониён ба гардиш оғоз мекунад. Номи воҳиди пулиро СОМОНӢ гузоштанамон низ бесабаб нест.

Зеро сиёсати пулию молиявӣ ҳанӯз дар давраи Сомониён як пояи бисёр мустаҳкам ва мустақили давлату давлатдории миллӣ буд. Сиккаҳои тилло ва нуқра бо номҳои динору дирами исмоилӣ на фақат дар саросари қаламрави давлати Сомониён гардиши озод доштанд, балки дар Ҳинду Эрон, Чину Қошғару Рум ва сарзаминҳои Араб шӯҳрат ва қурби баландеро доро буданд. Илова ба ин аҷдоди хирадманди мо дар масъалаи танзими гардиши пул, ҳамчунин дар доираи меъёри муайян нигоҳдоштани қурби он давра ба давра тадбирҳои лозима меандешиданд.

Бо гузашти чандин аср моҳи майи соли 1995 рубли тоҷикиро ба муомилот баровардем, ки дар натиҷаи он дар мамлакати соҳибистиқлоли мо ба сиёсати мустақилонаи пулию молиявӣ замина гузошта шуд.

Воҳиди пулии рубли тоҷикӣ зиёда аз панҷ сол дар гардиш буд ва нисбат ба асъори миллии баъзе кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қурби устувори худро нигоҳ дошт. Имрӯз ба тақозои шароити давру замон ва бо дарназардошти анъанаҳои наҷиби таърихию фарҳангии халқамон чоп кардан ва ба муомилот баровардани пули миллӣ, ки таҷассуми симои миллии тоҷикон бошад, пеш омад.

Ҳадафҳои асосии ҷорӣ намудани низоми нави пулӣ пеш аз ҳама густариши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани сифат ва қобилияти рақобати маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, таҳкими иқтидори содироти мамлакат ва то андозаи имкон таъмин намудани зиндагии осудаи мардум аст. Ин асос ва зарурати иқтисодии ҷорӣ намудани низоми пулӣ мебошад.

Асос ва зарурати сиёсии ин икдом, тавре ки гуфтам, таъкиди соҳибистиқлолии мамлакат, такмили рамзҳо ва нишонаҳои зарурии мустақилияти давлат аст. Ба ин маънӣ, имрӯз бо ҷорӣ намудани пули миллии худ ва бо номи миллии худ метавонем гӯем, ки давлати мо дорои ҳамаи рамзҳо ва нишонаҳои хоси худ аст. Ин боиси ифтихору сарбаландии ҳамаи мо мебошад.

Пули миллии мо дорои моҳияти баланди фарҳангӣ ва таҷассуми арзишу анъанаҳои қадимаи фарҳангии халқамон низ мебошад. Симоҳои абармардони сиёсат ва илму фарҳанги миллатамон ва манзараҳои зебову нотакрори диёрамон пули миллии моро зебу оро додаанд. Вобаста ба масъалаи ивази рубли тоҷикӣ бо пули нави миллӣ бояд хотирнишон созам, ки мардум набояд ба воҳима ва саросемагӣ роҳ диҳанд. Мо барои анҷом додани ин кор вақти кофӣ муайян кардем.

Рубли нақдинаи тоҷикӣ то якуми апрели соли 2001-ум эътибор дорад, то пурра иваз кардани он ба пули нави миллӣ дар баробари СОМОНӢ ҳамчун воҳиди накди пулӣ боқӣ мемонад.

Дар муддати панҷ моҳ ҳамаи шаҳрвандон метавонанд пули дар даст доштаашонро иваз кунанд ва такрор мекунам, ки барои ин кор вақти кофӣ доранд. Инчунин як нуктаи хеле муҳимро таъкид кардан мехоҳам. Мо тамоми чораҳоро андешидаем, ки дар натиҷаи ҷорӣ намудани пули миллӣ ҳалқи Тоҷикистон аз ягон ҷиҳат зиёни молиявӣ набинад. Ҳамчунин дар ин муддат хариду фурӯши молу маҳсулот бо рубли тоҷикӣ дар баробари пули нави миллӣ озод аст.

Ҳангоми иваз кардани рубли тоҷикӣ ба пули миллӣ ягон хел маҳдудият вуҷуд надорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои назоратӣ ба ҷараёни ивази пул ҳуқуқи дахолат кардан надоранд.

Бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи ивази пул бо роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи босалоҳияти давлатӣ ташкил карда шудааст. Комиссияи мазкур тамоми тадбирҳои лозимаро дар бобати таъмини иҷрои Фармони Президент меандешад.

Акнун, ки мо соҳиби пули нави миллӣ шудем, вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳар фарди ватандӯст ин аст, ки ба хотири рушди иқтисодии мамлакат ва ба ҳамин восита дар сатҳи сазовор нигоҳ доштани қурби он тамоми саъю кӯшиши худро равона созад.

Минбаъд халқи тоҷик дар бозори молиявии ҷаҳон бо пули миллии худ фаъолият хоҳад кард. Набояд фаромӯш кард, ки дар асри нав ҷаҳониён то андозан муайян ба қобилияти интеллектуалӣ, маҳорати ташкилотчигӣ, меҳнатдӯстӣ ва кордонии мо мувофиқи қобилияти харидорӣ ва мубодилавии пули миллиамон баҳо медиҳанд.

Пули миллӣ бойигарӣ ва сарвати миллист, обрӯю эътибори миллат аст. Бинобар ин таъмини гардиши озодонаи он, ҳифзи қурб ва қобилияти мубодилавии он қарзи ҳамаи мо дар назди Ватан мебошад.

Ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз, саломатӣ, хушбахтӣ ва барори кор мехоҳам.

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520