4 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Кумитаи ҷумҳуриявии тадорукоти ҷашни 10 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир намуд.
Зимни суханронӣ Президенти ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи аъзои Кумитаи ҷумҳуриявии тадорукотро ба он ҷалб намуд, ки таҷлили даҳумин солгарди истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар ҳаёти мамлакат марҳалаи таърихӣ аст ва таҷлили он бояд хусусияти умумихалқӣ дошта бошад. Тадбирҳои идона бояд на танҳо дастовардҳои давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистонро дар давоми 10-соли истиқлолият ҷамъбаст карда, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати саросарӣ, афзунтар гардондани обрӯю эътибори байналхалқии мамлакат ва ташаккули худшиносии миллӣ мусоидат кунад, балки ҷараёни бунёдкорӣ, ободӣ ва ташаккули маънавии ҷомеаро тақвият бахшад.
Эмомалӣ Раҳмон дар рафти маҷлис ба барномаи тадбирҳои идона ислоҳоти ҷиддӣ дароварда, тартиби бо маблағ таъмин намудани чорабиниҳои муҳимтаринро муайян намуд.