Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва соли фарҳанги оламгир

25.01.2006 08:00, шаҳри Душанбе

Боз як соли ҷаҳду талошҳо дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистони навин ва устуворгардонии давлатдории миллӣ сипарӣ гашт. Дар соли 2005 бо  саъю кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва муаррифӣ кардани кишвари мо ба ҷаҳониён қадамҳои устувор гузошта шуд. Чунонки дар яке аз ҷаласаҳои ҷамъбастии Ҳукумати Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, аз ҳамаи дастовардҳои сершумори соли 2005 бузургтарину арзишмандтарини онҳо бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳанги бостонию оламшумули мо тавассути баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия ва Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО дар Париж ва дигар ба даст овардани истиқлоли сарҳадӣ буд, ки истиқлоли сиёсии давлати моро пурраю мукаммал сохт.

Аз боби рушди иқтисодию иҷтимоӣ ёдовар шуда, бояд тазаккур дод, ки дар  соли 2005 ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба 7 милиарду 200 миллион сомонӣ расид, ки ин ба 6, 7 % рушди иқтисодӣ баробар аст. Новобаста ба он ки нақшаи ҷамъоварии пахта дар соли гузашта ба андозаи 73, 4 % иҷро шуд, нишондодҳои рушди иқтисодии кишвар бисёр назаррасанд. Нишондодҳои мусбати пешрафт аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Тоҷикистон тадриҷан аз кишвари кишоварзӣ ба кишвари дорои саноат, энергетика, бахши хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳои даромадноки иқтисодӣ табдил меёбад.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки минбаъд пахтаро ба бозори ҷаҳонӣ асосан дар шакли маҳсулоти тайёр ба фурӯш барорад, ки ин даромаднокии соҳаи пахтакорӣ ва саноати сабуки кишварро ба маротиб зиёд мекунад. Бо ин мақсад ҳоло дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва имкониятҳои соҳибкорони ватанӣ корхонаҳои зиёди ресандагию бофандагӣ бунёд меёбанд, ки дар онҳо техникаю таҷҳизот ва технологияҳои пешқадами ҷаҳонӣ истифода мегарданд.

Чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид фармуданд, рушди соҳибкории хусусӣ асоси пешрафти иқтисодии кишвар хоҳад буд. Аз ин рӯ дар бештар сафарҳои хориҷии худ Сарвари давлат шумораи зиёди соҳибкоронро ҳамроҳ мегирад, то ки онҳо бо дастовардҳои кишварҳои пешрафта шинос гардида, ҳамзамон бо соҳибкорони хориҷӣ робитаҳои судманди ҳамкорӣ ба роҳ монанд.

Имрӯз бо мақсади рушди иқтисодиёти бозорӣ, соҳибкории хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ низоми андозу гумрук, тартиботи сарҳадӣ ва умуман қонунгузории Тоҷикистон ба шароит ва талаботи нави иқтисоди ҷаҳонӣ мутобиқ гардонда шудааст.

Натиҷаи ин сиёсат ва боварии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 610 миллион доллари амрикоӣ як қатор лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки 85 % маблағҳои онҳо аз ҳисоби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо мебошанд. Зиёда аз 83 миллион доллари амрикоии  ин маблағҳоро грантҳо ташкил медиҳанд, ки аз ҷониби кишварҳои мададрасон ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҷудо гаштаанд. Саҳми Ҳукумати Тоҷикистон дар маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз 280 миллион сомонӣ иборат аст.

Дар соли сипаригашта ҳаҷми маблағи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар чумҳурӣ нисбат ба соли 2004 зиёда аз 20 % афзун гардид, ки ин аз натиҷаҳои мусбати раванди ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. 

Дар соли 2005-ум Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва як қатор созмонҳои дигари байналмилалӣ барномаҳои стратегии худро баҳри кӯмак ба Тоҷикистон дар солҳои 2005-2009 бо дарназардошти афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати Тоҷикистон қабул намуданд.

Тибқи барномаҳои нав дар давраи зикршуда ба Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва расонидани кӯмаки техникӣ ҷудо намудани зиёда аз 500 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст, ки қариб 40 фоизи онро грант ё худ қарзи бебозгашт ташкил медиҳад.

Ҳоло дар ҷараёни расонидани кӯмак ба ҷумҳурӣ зиёда аз 80 кишвари мададрасон ва созмонҳои байналмилалии гуногун иштирок менамоянд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 406 лоиҳаҳои гуногуни инвеститсиониро бо арзиши умумии 850 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор додаанд.

Дар соли сипаригашта татбиқи пурраи ҳафт лоиҳаи инвеститсионӣ бо арзиши умумии зиёда аз 260 миллион сомонӣ ба анҷом расид.

Дар доираи татбиқи ин лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт бештар аз 350 иншоот мавриди таҷдид қарор гирифта ва  бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ба 5782 хоҷагии деҳқонӣ грантҳои хурди яквақта ва ба 445 хоҷагиҳои деҳқонӣ қарзҳои хурд дода шуд, хамчунин нӯҳ ассотсиатсияи истифодабарандагони об ташкил гардид.

Хоҷагиҳои 56 ноҳия бо гандуми тухмӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин гаштанд. Корҳои  боздошти лағжиши ярч дар мавзеи Бойғозӣ пурра ба иҷро расида, дар ислоҳоти сохтори идораи давлатӣ корҳои муайян анҷом ёфтанд. Навбати дуюми бунёди неругоҳи барқии обии  Помир-1 ва сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди Шкев-Зиғар ба охир расид.

Бояд тазаккур дод, ки мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи обии барқии Помир-1 имкон дод, то таъминоти аҳолии шаҳри Хоруғ бо нирӯи барқ пурра ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 80 % дар тамоми фасли сол қонеъ гардонда шавад, ки ин нишондоди хеле бузург аст. Ба истифода дода шудани роҳи автомобилгарди Кӯлоб- Қалъаи Хумб- Кулма-Қароқурум, дар воқеъ Бадахшон ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон табдил мегардад.

Соли 2005-ум ҷиҳати татбиқи 7 лоиҳаи нав созишномаҳо дар ҳаҷми умумии зиёда аз 90 миллион доллари амрикоӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ба имзо расонда шуд, ки аз он 31 %  маблағи грантҳо мебошад.

Ҳоло сохтмони нақби Анзоб ва марҳилаи якуми таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Саритош, корҳои сохтмонию барқароркунӣ ва таҷҳизонидани зиёда аз 180 иншоотҳои хурду калони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, энергетика, мелиоратсия ва хоҷагии об, ташкили хариди маводи зарурӣ ва омӯзишиву таҳлилӣ идома доранд.

Ҳамзамон, азхудкунии 2 ҳазору 500 гектар заминҳои нав дар водии Данғара ва сохтмони қитъаҳои иловагии роҳ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Ин ҳама дастоварду пешравиҳо натиҷаи ҷаҳду талошҳои пайгирона ва ғамхории ҳамешагии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон  Ҳукумати Тоҷикистон имрӯзҳо тасмим гирифтааст, ки минбаъд ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ танҳо грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок ҷалб карда шаванд.

Дар баробари ин қобили тазаккур аст, ки дар моҳи декабри  соли 2005-ум аз ҷониби Шӯрои Иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор қарор  дар бораи бахшидан ё бекор кардани қарзи   Тоҷикистон ба маблағи 99 миллион доллари амрикоӣ қабул карда шуд. Чунонки аз номаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   бармеояд, ин кор на ба хотири он аст, ки Тоҷикистон кишвари камбизоат аст, балки нишона аз боварии институтҳои молиявии ҷаҳон буда, барои татбиқи сиёсати дурусти макроиқтисодии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарӣ ва ғамхории  ҳамешагии Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад равона гардидааст.

Дар бахши рушду нумӯи сиёсати хориҷӣ ва боло бурдани обурӯю нуфузи байналмилалии Тоҷикистон соли 2005 бисёр пурмаҳсул ва бобарор буд. Давоми сол ба хотири дарёфт ва ба роҳ мондани ҷодаҳои нави ҳамкории самарабахш, муайяну муаррифӣ намудани мавқеи Тоҷикистон ва саҳмгузорӣ дар ҳаллу фасли масоили доғи минтақавию ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бештар аз 10 маротиб ба кишварҳои дуру наздик сафарҳои пурсамар анҷом дод ва бо ду кишвар - Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Шоҳигарии Таиланд сафарҳои расмии давлатӣ  сурат гирифт.

Сафари расмии Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷониби коршиносон ба ҳайси як қадами бисёр ҷасурона ва нишонаи ғамхорӣ ба мардуми ин кишвари ҷангзадаи азияткашида арзёбӣ гашт. Бояд тазаккур дод, ки баъди интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин роҳбари давлати хориҷӣ буд, ки ба ин давлат сафари расмӣ анҷом дод. Роҳбари ҳеҷ як давлати дигар то ба ҳол ин ҷасорату матонат такрор накардааст. Дар ҷараёни ин сафар як қатор санадҳои муҳимми ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба имзо расиданд, ки онҳо аҳамияти муҳимми минтақавӣ доранд.

Ғамхориҳои беназири  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбати мардуми азияткашидаи Афғонистон баъди мулоқот бо падари миллат Муҳаммад Зоҳиршоҳ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барои ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу субот ва таҳкими дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти олии давлатӣ, ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд» қадрдонӣ карда шуд.

Дар маҷмӯъ масоили ҳамкории судманд бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соли 2005 се маротиба дар сатҳи олӣ байни роҳбарони аввали ду давлат моҳи апрел дар Афғонистон, моҳи июн дар Тоҷикистон ва дар моҳи декабр ба Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар як сафари расмӣ ба Шоҳигарии Таиланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беш аз 10 мулоқоту дидорҳои судманд, аз ҷумла бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед, Сарвазири ин кишвар Таксин Шинаватра,  бо ҳайати роҳбарии Сенати ин давлат, вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамчунин бо соҳибкорону мутахассисони соҳаи саноати он анҷом дод, ки дар роҳи густариши муносибатҳои дӯстонаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ баъди сафарҳои корӣ ба Индонезия ва Ҷумҳурии Корея иқдоми ҷиддӣ гузошта шуд.

Дар ин сафар таҷрибаи ғанӣ ва озмудашудаи соҳибкорони Таиланд аз ҷониби соҳибкорони ватании Тоҷикистон, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамсафар буданд, мавриди омӯзиш қарор гирифта, байни онҳо робитаҳои судбахши ҳамкориҳои дуҷониба ба роҳ монда шуд.

Ҳамчунон, ки дар оғоз зикр намудем, яке аз рӯйдодҳои бузург ва арзишманди соли 2005 барои Ватани азизи мо ин дар сатҳи хеле баланди ташкилию эҷодӣ баргузор кардани рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия ва Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, дар Париж буд. Баргузории барномаи рӯзи аввали рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар Театри Калон, ки бузургтарин ва машҳуртарин театрҳои Федератсия Россия мебошад, нишонаи олии арҷгузорӣ ба фарҳанги волою бостонии мардуми мо буд. Намунаҳои фарҳанги Тоҷикистон дар иҷрои ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ аз ҷониби аҳли толор, ки солҳо боз ташнаи  ошноӣ бо фарҳанги мардуми мо буданд, бисёр гарму самимӣ пазируфта шуд.

Дар сатҳи аз ин баланду волотар Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ва як барномаи консертии дигар дар театри Гранд-Операи шаҳри Париж, ки аз театрҳои қадимтарину бузургтарини Аврупо буда, шӯҳрати беҳамтои ҷаҳонӣ дорад, баргузор гашт.  Барномаи Рӯзи Тоҷикистонро дар ЮНЕСКО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Дабири Кулли ин созмони бонуфузи фарҳангии ҷаҳон Коитчиру Матсууру, намояндагони воломақоми беш аз 170 кишвари олам ва шумораи зиёди тоҷикону форсизабонони Аврупо бо шавқу рағбати бепоён тамошо намуда, ба фарҳанги волою бостонии мардуми тоҷик самимона арҷгузорӣ намуданд. Бо нишони эҳтиром ва арҷгузории самимӣ ба фарҳанги волою бостонии Тоҷикистон ва ба хотири саҳми арзандаи кишвари мо дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии ҷаҳони имрӯза Президенти Ҷумҳурии Фаронса Жак Ширак баъди мулоқоти як ба як бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чор нафар аз намояндагони фарҳангу санъати Тоҷикистонро дар қароргоҳи марказии худ ба ҳузур пазируфта, бо медалҳои санъат ва суханварии Ҷумҳурии Фаронса сарфароз гардонд ва назару андеша, қадрдонии худро нисбати фарҳанги оламшумули мардуми тоҷик бо самимияти зиёд баён дошт.

Дар Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як қатор мулоқотҳои судбахш бо намояндагони воломақоми ҳокимияти давлатии ин кишвар ва дигар шахсиятҳои намоёни сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ анҷом дода, масоили муҳимми муносибатҳои дӯстонаи ҳамкории Тоҷикистонро бо онҳо мавриди ҳаллу фасл қарор дод.

Мулоқоти Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони Фаронса бисёр самимию босамар ҷараён гирифт. Аз рӯи натиҷаҳои ин мулоқот ширкати Алистони Фаронса, ки аз бузургтарин ширкатҳои соҳаи энергетика дар Аврупо аст, тасмим гирифта, ки дар Тоҷикистон,  дар болои дарёи Зарафшон як нерӯгоҳи барқии обӣ бунёд кунад.

Ғайр аз ин ҳангоми боздиди навбатии вазири мудофиаи Фаронса хонум Мишель Алё Мари аз Тоҷикистон, ки худ ҳамоҳангсози ҳамкориҳои ду кишвар аз ҷониби Фаронса аст, моҳи декабри соли 2005 гурӯҳи кории байниҳукуматӣ ташкил дода шуд. Мақсади асосии ин гурӯҳи корӣ, аз ҷумла,  дар амал татбиқ намудани нақшаҳои ҳамкорие мебошад, ки тайи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса дар сатҳҳои гуногун ба мувофиқа расида буд. «Мо мехоҳем ва ба он мусоидат ҳам мекунем, ки Тоҷикистон беҳтарин намунаи пешрафт барои кулли кишварҳои минтақа гардад» изҳор доштани хонум Мишел Алё Мари дар сӯҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишона аз дурнамои умедбахши ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса хоҳад буд.

Дар соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи ҳамкории байналмилалӣ танҳо бо роҳбарони аввали 28 давлати ҷаҳон наздики 40 мулоқоти судбахши дуҷониба анҷом дод. Аз ҷумла бо Владимир Путин  - Президенти Федератсия Россия, ки шарики асосӣ ва стратегии Тоҷикистон дар тамоми самтҳои муносибатҳои хориҷӣ ба шумор меравад, давоми сол 6 мулоқоти пурсамар сурат гирифт. Ду маротиба мулоқоти самарабахш бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод доир гаштааст, бори аввал дар Ню-Йорк дар рӯзҳои баргузории Саммити Асамблеяи Генералии СММ ва бори дуюм дар Арабистони Саудӣ,  дар ҳошияи Иҷлосияи Созмони Конфронси Исломӣ доир гардид. Ду нишасти пурсамари дигар бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тзин Тао бори аввал дар Индонезия ва бори дуюм 5 июли соли 2005 дар ҳошияи  Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона ҷараён гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ду маротиба бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф, дар Индонезия ва Арабистони Саудӣ мулоқотҳо анҷом дод.

Ҳамин гуна мулоқотҳои судбахши дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ дар шаҳри Москва, дар рӯзҳои ҷашни 60 солагии Ғалаба дар Ҷанги  Бузурги Ватанӣ, рӯзи 18 майи соли 2005  дар Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, бо Президенти Ҷумҳурии Корея Ро Му-Хюн дар доираи барномаи сафари корӣ ба ин кишвар, бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 4 июли соли 2005 дар доираи барномаи сафари корӣ ба шаҳри Остона, рӯзи 5 июли соли 2005 бо Президенти Ҷумҳурии Муғулистон Намбарин Энхбаяр дар Қазоқистон, бо Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Тако Мбеки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Кочарян дар Ереван, бо Президенти Ҷумҳурии Хорватия  Стипе Месич ва Шоҳи Непал  Гиянендра Бир Бикрам Шоҳдев дар Тунис.

Беш аз ҳама мулоқотҳои сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маккаи Мукаррамаи Арабистони Саудӣ,  дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ моҳи декабри соли 2005 доир гаштанд,  аз ҷумла бо  Подшоҳи Арабистони Саудӣ  малик Абуллоҳ ибни Абдулазиз оли Сауд, бо Раиси Ҷумҳурии Мисри Араб Ҳусни Муборак, бо Президенти Сенегал Абдулло Вад, бо Сарвазири Малайзия Абдулло Аҳмад Бадавӣ, бо Президенти Ҷумҳурии Арабии Яман Алӣ Абдулло Солеҳ, бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев,  бо шоҳи Баҳрайн Малик Ҳамад ибни Исо, ки дар ҷараёни онҳо баҳри таҳкиму тавсиаи муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо ин кишварҳо самараи зиёд ба бор омад.

Дар соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 маротиба дар мулоқотҳои сарони кишварҳои олам дар доираи созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуда, мавқеи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ ба маротиб пойдор намуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили муҳимтарин масоили ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ  ва пешниҳоду дархостҳои муассир барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда борҳо собит намуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар бартараф намудани мушкилоти ҷаҳонӣ метавонад саҳми арзанда гузорад.

Ширкат ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2005 дар Саммити бахшида ба 60-солагии ташкилёбии СММ, аз рӯйдодҳои муҳим ва хотирмони соли 2005 арзёбӣ мегардад, зеро пешниҳоду дархостҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар боби расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мавриди дастгирӣ ва пуштибонии ҳамагон қарор гирифт. Тоҷикистон нахустин давлатест, ки баъд аз ин Саммит эҳтиёҷоти худро барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола муайян намуда, моҳи декабри соли 2005 ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кард ва собит сохт, ки барои татбиқи амалии пешниҳодҳои худ пеш аз ҳама ва барои ҳама намунаи ибрат хоҳад буд.

Дар пешниҳод зикр мегардад, ки Тоҷикистон барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо ба 13 миллиард доллари амрикоӣ эҳтиёҷ дорад, вале аз раванди ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ, обурӯю нуфӯзи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳамарӯза зиёд гаштани боварии ҷомеаи ҷаҳонию институтҳои молиявӣ ба сиёсати макроиқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва дурандешии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, хулоса кардан мумкин аст, ки Тоҷикистон ба татбиқи амалии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола низ метавонад аз аввалинҳо шуда, мушарраф гардад.

Тайи сафари корӣ ба Индонезия  Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳои Осиёву Африқо иштирок ва суханронӣ намуда, як теъдод масоили муҳимми минтақавию ҷаҳониро, аз қабили таҳкими ҳамкорӣ ба хотири амният, муборизаи муштарак бар зидди хатарҳои ҷаҳони имрӯза ва андешидани тадбирҳои муассир дар шароити ҷаҳонишавӣ ба баррасии роҳбарони давлатҳо пешниҳод намуд, ки онҳо мавриди дастгирию пуштибонӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳошияи мулоқоти сарони кишварҳои Осиёву Африқо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин мулоқотҳои дуҷониба бо Президенти Индонезия Сусило Бамбанг Юдхоёно, сарони дигар кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ доир карда шуд, ки бисёр самарабахш анҷом ёфтанд.

Дар рӯзҳои сафари корӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми шашуми умумиҷаҳонии ислоҳоти идоракунии давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Баромади Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шарҳи таҷрибаи Тоҷикистон дар амалӣ намудани ислоҳоти идоракунии давлатӣ мавриди таваҷҷуҳ ва омӯзиши аҳли толор қарор гирифт, зеро Тоҷикистон имрӯз ба ҳайси кишваре эътироф гардидааст, ки дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна дар роҳи амалӣ намудани ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва демократисозии ҷомеа пешсаф аст.

Дар рӯзҳои ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз як қатор мулоқотҳо бо сарони кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ анҷом дод, ки ҳар кадоми онҳо самараи зиёд ба бор оварданд. Тайи ин сафар ҳамчунин робитаҳои ҳамкорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватании Тоҷикистон, ки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамроҳӣ мекарданд, бо ширкатҳои овозадори Корея ба роҳ монда шуд.

Ширкат ва суханронии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити умумиҷаҳонии «Ҷомеаи иттилоотӣ» дар шаҳри Туниси давлати Тунис низ аз рӯйдодҳои хотирмони соли сипаригашта буд.  Пешниҳоду дархостҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо баён дошт, аз ҷониби аҳли толор, яъне сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои беш аз 175 кишвари ҷаҳон ва мутахассисони баландпояи созмонҳои гуногуни байналмилалӣ мавриди пазироӣ ва пуштибонӣ қарор гирифтанд. Махсусан пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ дар воситаҳои ахбори умуми ҷаҳонӣ васеъ инъикос карда шуд. Дар Тунис ҳамчунин намоишгоҳи техника ва технологияи муосири иттилоотӣ баргузор шуд, ки дар он  як теъдод соҳибкорону мутахассисони ин соҳа аз Тоҷикистон низ ширкат намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки дар натиҷаи сиёсати дарҳои кушодаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо тавассути роҳ кушодан ба техникаю технология ва соҳибкории хусусӣ аз ҷиҳати дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои муосири иттилоотӣ аз қабили навъҳои гуногуни алоқаи телефонӣ ва ҷорӣ намудани шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ҷои аввалро дар миқёси Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва яке аз ҷойҳои намоёнро дар ҷаҳон ишғол мекунад.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ба Арабистони Саудӣ низ бисёр хотирмон ва таърихӣ буд. Аз натиҷаҳои сершумори ин сафари бисёр сермаҳсул панҷтои онро метавон махсус таъкид кард:

Нахуст ин ки Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  тайи ин сафар бори сеюм маросими «Умра» ба ҷо овард, ки он нишона аз эьтиқоду дилбастагии ӯ ба муқаддасот ва аркони дини мубини ислом аст.

Дастоварди муҳимми дигар ин аст, ки бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон ва Осиёи Миёна танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, то хонаи Каъбаро бо даъват ва ҳамроҳи Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз Оли Сауд дар дохили он, зиёрат кунад. На танҳо барои Тоҷикистон, балки барои мусулмони тамоми олам ин кор аз имкон берун аст, зеро танҳо Шоҳи Арабистони Саудӣ, он ҳам ба ҳайси Ходим-ул-Ҳарамайн, яъне хидматгори ду мавзеи муқаддастарини аҳли ислом - Макка ва Мадина ҳақ дорад, ки дар як сол як бор ба дохили он ворид шавад.

Натиҷаи сеюм ин суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 3-юми Фавқулоддаи Созмони Конфронси Исломӣ буд, ки он беҳтарин паёми пурмуҳтаво ба сарони кишварҳои мусулмонӣ ва мусулмонони ҷаҳон арзёбӣ гардид.

Дастоварди дигар ин дар як муддати кӯтоҳ бо истифода аз ҳар як лаҳзаи муносиб анҷом додани беш аз 15 мулоқотҳои судманди дуҷониба бо сарони кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ва роҳбарони Созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ буд.

Ниҳоят дар ҷараёни ин сафар роҳбарони аввали  Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва ҳам Эрон тасмим гирифтанд, ки баҳри татбиқи амалии лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон дар соҳаи гидроэнергетика, интиқоли нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя ва ҳамчунин дар соҳаи роҳсозӣ чораҳои муштараки судманд андешанд, зеро ин лоиҳаҳо дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ буда, ба нафъи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ равона шуданд.

Дар соли 2005-ум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои иштирок дар мулоқотҳои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё ва Созмони ҳамкории Осиёи Марказӣ чанд сафари кории дигар ба Федератсияи Россия анҷом дод, ки тайи дидору гуфтугӯҳои дар онҳо доиргашта, як қатор масоили муҳимми ҳалталаб дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва амнияти минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар рӯзҳои сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Қазони Федератсия Россия бо пешниҳод ва пофишорию ғамхории Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ҳаллу фасл гардиданд. Аз ҷумла баъд аз он дар як қатор шаҳрҳои Федератсияи Россия нуқтаҳои иловагии додани шиносномаҳои хориҷӣ кушода шуд, баъди чанд вақт аз ҷониби Россия қарор қабул гардид, ки мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба ин кишвар бе шиносномаҳои хориҷӣ сафар кунанд ва ҳамчунин барои сохтмони Маркази фарҳангии тоҷикон дар Қазон бо амри Президенти Ҷумҳурии Татаристон Ментимир Шаймиев як қитъа замин ҷудо карда шуд.

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои 60-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва шаҳри Москваи Федератсияи Россия, ки бо шукӯҳу шаҳомати махсус ҷараён гирифтанд ва таҳти ғамхорию сарпарастии доимӣ қарор додани иштирокчиёни ҷанг аз сиёсати сулҳҷӯёна ва муборизаи беамони  давлати Тоҷикистон бар зидди падидаҳои нажодпарастӣ, ифротгароии миллию мазҳабӣ, экстремизми сиёсӣ ва терроризми байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҳамчунин баҳри арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни таҳсинашон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва диловарони ақибгоҳ, ки шумораашон сол ба сол кам мегардад, таҳти сарпарастӣ ва ғамхории доимии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. 

  Қобили таъкид аст, ки пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳои байналмилалии сатҳи олӣ аксаран ба сабаби саривақтӣ ва дархӯри масоили доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ будани онҳо қабул ва амалӣ мегарданд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои дар доираи даҳсолаи «Амалиёти об барои ҳаёт», ки аз ҷониби СММ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, нахустин конфронси он моҳи майи соли 2005 дар мавзӯи ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар дар Тоҷикистон баргузор шуд, ки  дар кори он фиристодагони  зиёда аз 50 давлати дунё ва намояндагони  103 созмони  байналмилалӣ, байнидавлатӣ ва корпуси дипломатӣ иштирок намуданд. Ҷараёни кори Конфронсро намояндагони  47 шабакаи  воситаҳои ахбори омма инъикос карданд. Ҳамин тариқ Душанбе бори дигар макони баргузории чорабинии васеи сатҳи ҷаҳонӣ гашт, ки ин ҳам нишона аз обурӯ ва нуфузи давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст.

Дар шаҳри Душанбе моҳи июни соли гузашта ҳамчунин Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳолат, мушкилот ва дурнамои рушди низоми бонкӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар марҳилаи гузариш ба муносибатҳои бозорӣ», бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Бонки таҷдид ва рушди Аврупо Жан Лемер баргузор гардид, ки нишонаи боэътимоди саҳми Тоҷикистон дар бартараф намудани  мушкилоти минтақавӣ аст.

Сиёсати пайгиронаи хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бахши рушди иқтисодию иҷтимоӣ на танҳо ба пешбурди Тоҷикистон, балки ба манфиати кулли минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам Осиёи Ҷанубӣ амалӣ мегардад. Дар натиҷаи ҳамкориҳои судбахши сеҷонибаи Тоҷикистон бо ИМА ва ҶИА моҳи июни соли 2005 сохтмони пули азими автомобилгард дар болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеи Панҷи Поён оғоз ёфт. Хишти нахустини сохтмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай дар фазои тантанавӣ гузошта шуд. Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик дар инҷо ҳамчунин роҳи оҳани пайвандгари Тоҷикистону Афғонистон бунёд хоҳад гашт.

Аз муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2005, ки дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт хоҳад гашт, ин ба зери масъулияти сарҳадбонони тоҷик гузаштани ҳифзи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон аст, зеро ки ин нишона аз истиқлоли сарҳадӣ ва пурраю мукаммал гаштани истиқлоли сиёсии давлат аст.

Бо ҷаҳду талош ва ғамхориҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар маҷмӯъ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба як нирӯи тавоною озмуда табдил ёфтаанд, ва онҳо метавонанд муҳофизати марзу буму фазои кишварро пурра бар дӯши худ гиранд. Дар воқеъ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон ба масоили амнияту мудофиа, таъминот ва омӯзиши сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.

Танҳо дар соли сипаригашта Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се маротиба дар машқҳои васеи ҳарбӣ, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо ҷалби ҷузъу томҳои низомии Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Миллӣ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба роҳ монда шуданд, ширкат намуда, бо сатҳи омодагии ҷангии онҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намуд.

Худи ҳамин сол дар маросими савганди низомии наваскарони марзбон дар маркази таълимие, ки ба тозагӣ аз сарҳадбонони Россия ба марзбонони Тоҷикистон супурда шуда буд, ширкат намуда, бо сарбозону афсарон ва падару модарони онҳо аз наздик сӯҳбати озоду ошкоро орост.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз якчанд қисмҳои ҳарбӣ ҳангоми сафарҳои кориаш ба вилояти Суғд, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои водии Рашт дидан карда, бо шароити хидматию маишӣ ва заминаи моддию таълимии онҳо ошно шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили 12-солагии ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ҷараён гирифта буд, ширкат намуда,  донишандӯзони низомӣ, ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии   Қувваҳои Мусаллаҳ ва кулли муҳофизони Ватанро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфт.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи ҳарбӣ ҳамчунин аз шароити таълимии ин муассисаи олии таълимоти ҳарбӣ дидан карда, бо устодону донишандӯзон аз наздик сӯҳбат намуд. Бо пешниҳод ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамчунин машқҳои муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ гузаронда шуд, ки дар ҷараёни он сатҳи омодагии муштараки зиддитеррористии давлатҳои аъзои созмон мавриди санҷиш ва сайқалдиҳӣ қарор гирифт.

Дар соли 2005 сохтмони бузургтарин Нерӯгоҳи барқии обӣ, Нерӯгоҳи Роғун, ки аз замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мавқуф монда буд, баъди ҷаҳду талоши пайгиронаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби сармояи Ҷамъияти саҳҳомии «Русский алюминий»-и Россия аз нав оғоз гашт. Тибқи Созишномаи ҳамкорӣ ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Русский Алюминий» дар рушди соҳаҳои гидроэнергетика, кимиё, металургияи ранга ва ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо барои ин соҳаҳои Тоҷикистон  ширкати фаъол меварзад.  Татбиқи муваффақонаи ин тадбирҳои наҷиб ва сохтмони як силсила нерӯгоҳҳои дигари обии барқӣ имкон медиҳад, ки даҳҳо ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургтарин кишвари содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ мубаддал гардад.

Чунонки дар чанд банди дигари ин филмнома низ ишора гашт, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дохили ҷумҳурӣ низ бисёр пурсамар ва манфиатбахш ҷараён гирифтанд. Дар рӯзҳои сафари кории Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд як теъдод иншоотҳои хурду бузург, ки бо маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳурӣ ва фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин аз ҷониби як қатор соҳибкорони ватанӣ дар партави сиёсати созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бунёд ёфтаанд, дар фазои тантанавӣ ба истифода дода шуданд. Бинои нави Донишгоҳи давлати Хуҷанд, ки сохтмонаш ҳанӯз аз соли 1973 мавқуф монда буд, бо маблағи аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида дар як муддати кӯтоҳ сохта ва мавриди истифода қарор дода шуд. Ин тадбир барои устодону донишҷӯёни ин даргоҳи илму маърифат як рӯйдоди бисёр фараҳбахшу таърихӣ гардид.

Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён ва ҷавонони вилоят дар варзишгоҳи донишгоҳ, ки аз зебогию форамияш Хуррамшаҳр ном гирифтааст, мулоқот ва сӯҳбати озоду ошкоро ороста, роҳи ҳаллу фасли мушкилоти ҷавононро мавриди муҳокима қарор дод. Ҳамин гуна мулоқоту сӯҳбатҳои самимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи аввали сол ҳамчунин бо намояндагони ҷавонон  ва  зиёиёни кишвар дар шаҳри Душанбе гузаронда буд. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масоили ҷавонон ва зиёиёни кишвар пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли сипаригашта як қатор корҳои хотирмони таърихӣ дар мавриди эҳё ва тарғибу ташвиқи идҳои мардумии соҳаи кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки барои барқарорсозии анъанаҳои пурғановати ниёгонамон аҳамияти хеле зиёд доранд. Таҷлил намудани идҳои харбӯза, асал ва дигар анвои маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумлаи ин иқдоми нек маҳсуб меёбанд.

Дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд барои мардуме, ки бар асари   офатҳои табиӣ бехонаю дар гашта буданд, як шаҳраки муосир бо хонаҳои зебои истиқоматӣ, мактаби таҳсилоти умумӣ ва бунгоҳи тиббӣ бунёд ёфт, ки боиси хушҳолӣ ва миннатдории бепоёни аҳли деҳаҳои зарардида гардид. Ғайр аз ин ба ҳар як оилаи аз офати табиӣ зарардида заминҳои алоҳида барои обчакорӣ ҷудо гардид.

Ҳамин гуна ғамхорию ҳимматбаландӣ ҳамчунин нисбати мардуми аз обхезии дарёи Панҷ зарардидаи ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон анҷом дода шуд. Барои онҳо низ аз тарафи давлат хонаҳои барҳавои истиқоматӣ, мактаб ва бунгоҳи тиббӣ бунёд ёфта, ба ҳар як оилаи зарардида замини иловагӣ барои кишту кор ҷудо карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар соли 2005 ду маротиба сафарҳои корӣ анҷом дод. Бори аввал ба минтақаи Кӯлоб сафар кард, ки ҳадаф аз он шинос шудан бо рафти корҳои барқароркунии мавзеъҳои аз офат зарардида дар ноҳияҳои Фархору Ҳамадонӣ, расондани кӯмакҳои амалӣ ба аҳолии осебдида, боздид аз рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ва умуман омодагӣ ба 2700-солагии шаҳри Кӯлоб буд. Сафари дуюм ба минтақаи Қурғонтеппа ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сурат гирифт, ки дар ҷараёни он низ як  теъдод иншоотҳои муҳимми истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба истифода дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол якчанд маротиба идҳои мардумии ҳосил, ки аз ҷузъҳои иди бостонии «Меҳргон» аст, бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуданд. Идҳои харбӯза ва асал дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа бисёр боҳашамату хотирмон ҷараён гирифтанд.

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ намудани муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» низ аз рӯйдодҳои фараҳбахши соли сипаригашта буд, ки барои ғанӣ гардондани фазои иттилоотии Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз саҳми боризу намоёнеро бар дӯш дорад. Бо кушода гаштани телевизиони «Сафина» имрӯз шумораи шабакаҳои радио ва телевизионӣ дар ҳамаи гӯшаҳои Тоҷикистон ба 25 адад расид, ки ин нишона аз фазои бои иттилоотии кишвар аст.

Яке аз рӯйдодҳои бисёр муҳимми таърихии соли гузашта кушода шудани сайти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет буд, ки он робитаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо табақаҳои гуногуни мардум  ва ҳам бо воситаҳои ахбори умум наздику осон гардонид.

Самараи нек ва таъсири сайти Президенти кишвар ба ҷомеа баъди баргузории маҷлиси машваратии умумиҷумҳуриявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки доир ба вазъи маориф дар ҷумҳурӣ моҳи декабри соли 2005-ум баргузор шуд, ба мардум аён гашт, ки ҳар арзу шикояте ва таклифу пешниҳоде, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад, аз мадди назари роҳбари давлат дур намемонад.

Хидматҳои шоёни таҳсини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими сулҳу субот ва амнияти минтақавию ҷаҳонӣ борҳо қадрдонӣ шудааст.  Моҳи марти соли 2005 Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Сарпарастони аср» - нахустин Ордени алмосдори  «Ситораи сарпараст» барои саҳми арзандааш дар пойдорсозии сулҳу суботи минтақавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.

Дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои беназиру хизматҳои пурарзиш баҳри истиқрори сулҳу осоиш на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар кулли мамолики минтақа аз ҷониби Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият бо медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти миёни  халқҳо» мушарраф гардид.

Моҳи июли соли сипаригашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург дар рушди муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, таъмини ваҳдати миллӣ, рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо минтақа ва ҷаҳон, мубориза бар зидди амалҳои терроризм, экстремизм ва умуман ҳалли мушкилоти глобалии сайёра бо ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия сарфароз гардонда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2005-ро дар ҳалқаи кӯдакону наврасон, ки наслҳои ояндасози Тоҷикистони азизанд, ҷамъбаст намуд. Дар арафаи соли нави милодӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳҳо ва ятимону бепарасторон пӯшокҳои зимистона, тӯҳфаю шириниҳои солинавӣ ва барои мактабу бошишгоҳҳояшон маводи хӯрока фиристода шуд. Ҳамчунин барои ин кӯдакони аз ғамхории падару модар маҳрумгашта ва ҳам барои дигар кӯдакону мактаббачагон базмҳои бошукӯҳи солинавӣ ороста шуд. 

Натиҷаҳои соли сипаригаштаро ҷамъбаст намуда, бори дигар мебояд аз муҳимтарин дастовардҳои он ёдрас шавем:

1. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Россия ва Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО. 

2. Ба даст омадани истиқлоли сарҳадӣ.

3. Дохил шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даруни хонаи Каъба.

4. Хуш пазируфта шудани Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон дар СММ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола.

5. Аз ҷониби Хазинаи байналмилалии Асъор бекор гаштани қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 99 миллион доллари Амрикоӣ.

6. Оғози таҷдиди сохтмони Нерӯгоҳи обии барқии Роғун ва амалӣ гаштани як қатор лоиҳаҳои дигари стратегӣ дар соҳаи энергетика ва роҳсозӣ.

7. Дар сатҳи хеле баланд ва пурсамар анҷом ёфтани сафарҳои расмии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ба Шоҳигарии Таиланд.

Дар ин бахш мо кӯшидем то муҳимтарин рӯйдодҳои соли сипаригаштаро  шарҳ дода, то андозае фаъолияти яксолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳуриро натиҷагирӣ кунем.  

Дар асл ин танҳо як қатраест аз баҳр, зеро аз нигоҳи сершумории рӯйдодҳои таърихӣ  ва самаранокии фаъолияти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 воқеан соле буд, ки натиҷаҳояш  баробар ба қарнҳо мерасад.

Соли 2006 низ тибқи нақшаҳо фаровон аз рӯйдодҳои таърихӣ  хоҳад буд, ба мисли 15-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, форуми тоҷикони ҷаҳон ва бисёр рӯйдодҳои дигари таърихӣ.

Бошад, ки дар ин сол низ қадамҳои азими дигар дар роҳи таҳкими истиқлол ва давлатдории миллӣ гузошта шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520