Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Раҳбари олии Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ

20.05.2024 12:00, шаҳри Душанбе

20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари олии Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Олиҷаноб,

Хабари даргузашти фоҷеавии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш боиси андуҳи гарони мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.

Мо ба шахсияти Сайидиброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем.

Дар робита ба ин талафоти бузург ба Шумо, Олиҷаноб, мардуми дӯсту бародари Эрон, аҳли хонавода ва наздикони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям.

Аз Худованди мутаол барои шаҳидшудагон раҳмату мағфират ва ба мардуми кишвари дӯсти Эрон сабри ҷамил хоҳонам. 

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520