Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат

20.03.2016 10:00

Дар Кохи Борбади пойтахт мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар чун анъанаи накӯи наврӯзӣ дар арафаи ин ҷашни фархундаи ҷаҳонишуда оғоз гардид.

Дар мулоқот шумораи зиёди аҳли зиёи мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ - иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи наврӯз, ки имсол дар Тоҷикистон баргузор мегардад, иштирок доранд.

Чорабинии идонаи имрӯза бо ворид шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори бошукуҳи Кохи Борбад оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки ин Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил менамоянд, самимона шодбош гуфт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520