Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев

27.05.2024 19:30, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев 27.05.2024

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат вазъ ва дурнамои ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия ва дигар мавзӯъҳои муҳими дуҷониба баррасӣ шуданд. Ба ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ ва амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳои вазоратҳои корҳои дохилӣ, инчунин натиҷаҳои пурсамари кори муштараки сохторҳои дахлдори ҳарду давлатро дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд. Бо қаноатмандӣ ба кӯшиши ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи амалии тавофуқоте, ки чанде қабл дар сатҳи олӣ оид ба ҳалли мушкилоти соҳаи муҳоҷират ҳосил шуда буданд, ишора гардид.

Пешвои миллат бахусус аҳамияти қабули тамоми чораҳои заруриро баҳри таҳкими ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, таъкид намуданд.

Қобили зикр аст, ки Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия ҳамроҳ бо ҳайати калони ҳукуматӣ барои баргузории даври навбатии музокирот оид ба маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи муҳоҷират ба Душанбе ташриф овардааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520