Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Барак Ҳусейн Обама барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
"Ҷаноби Олӣ,
Табрикоти самимии маро ба муносибати Иди миллии кишвар – 239-ин солгарди Рузи истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро – қабул фармоед.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши робитаҳои дарозмуддати босуботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатдор монда, ба вазъи муносибатҳои дуҷониба таваҷҷӯҳи пайваста зоҳир менамояд.
Боиси хушнудист, ки раванди ҳамкориҳои судманди байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрӯз фарогири бисёр соҳаҳои сиёсӣ, амниятию низомӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ гардидаанд. Дар ин росто ҳамкории пурмаҳсули ҷонибҳоро дар масъалаҳои гуногуни таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ низ хуб арзёбӣ менамоем.
Мутмаинам, ки бо саъю эҳтимоми ҳар ду тараф ҳамёрии мо дар ояндаи наздик ҷанбаҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судмандро фаро хоҳад гирифт. Ҷониби мо дар ин самт саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.
Бо ибрози орзӯҳои беҳтарин ба ҷаноби Президент сиҳатии комил ва пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Амрико – пешрафту шукуфоӣ орзумандам".