Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар бозии футболи дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Урдун

11.06.2015 22:05, шаҳри Душанбе

Имрӯз, бегоҳӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои бозии футболи дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Урдун ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф овард.

Боиси хушнудист, ки футбол дар Тоҷикистон солҳои охир оммавияти васеъ пайдо намудааст, зеро футболбозони дастаҳои алоҳида ва мунтахаби кишвар бозиҳои шавқовар ва натиҷаҳои умедбахш нишон медиҳанд. Ин аст, ки сафи мухлисони футбол ҳам дар Тоҷикистон солҳои охир хеле афзудааст.

Ин ҳолат имрӯз ҳам истисно набуд, зеро майдони марказии варзишии пойтахт, ки дорои беш аз 25 ҳазор ҷойи нишаст мебошад, пур аз ҳаводорони футбол ва мухлисони дастаи мунтахаби Тоҷикистон аст.

Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки аз дӯстдорони воқеӣ ва тарғибгарони басо фаъоли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар кишвар аст, натанҳо ба футболбозони тоҷик, балки ба кулли мардуми дар ин майдон ҷамъомада рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Хотиррасон бояд намуд, ки ин бозии якуми даври дуюми интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун мебошад.

Бозӣ басо ҷолибу шавқовар ва бо шиддат ҷараён гирифт. Ҳарду даста ҳам барои ба даст овардани пирӯзӣ иродаи қавӣ ва маҳорату малакаи баланд нишон доданд.

Вале, тавре маълум аст, ғалаба танҳо ба як ҷониб насиб мегардад ва имрӯз бахти футболзони Урдун баландӣ кард ва онҳо бо нишон додани маҳорати баланду иродаи мустаҳкам бар соҳибони майдон бо ҳисоби 1-3 ғолиб омаданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520