Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири об ва нерӯи Кувайт Аҳмад ал – Ҷассор

10.06.2015 12:32, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири об ва нерӯи Кувайт Аҳмад ал – Ҷассорро, ки дар раъси ҳайати расмии ин давлати соҳибнуфузи араб ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар конфронси байналмилалии даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои миёни ду кишвар имзошуда, аз ҷумла натиҷаҳои ду сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Кувайт ва сафари вазири корҳои хориҷии Кувайт ба Тоҷикистон зоҳир гардид.

Ҷалби сармояи давлатӣ ва хусусӣ аз Кувайт барои татбиқи лоиҳаҳои пурсуди Тоҷикистон, аз ҷумла барои азхуднамоии захираҳои фаровони обию энергетикӣ ва интиқоли оби тозаи ошомиданӣ аз кишвари мо ба давлатҳои халиҷии араб, аз роҳҳои муҳими густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ номида шуд.

Аҳмад ал – Ҷассор паёми хаттии Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Кувайт омода аст сармоягузорони худро барои рушди ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон ташвиқ намояд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520