Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015

09.06.2015 11:36, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз дар Кохи Сомони бустонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 ба кор худ оғоз намуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои ҷараёни иҷрои нишондодҳои даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”-ро баррасӣ намуда, ҳамзамон пешниҳод намуд, ки барои 10 соли оянда даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” эълон карда шавад.

Дар навбати дуюм дар конфронс Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун сухан ронда, аз ҷумла ба ташаббусҳои Тоҷикистон ва пешсафии он дар баррасии глобалии масоили вобаста ба об баҳои баланд дод ва пешниҳоди навбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои эълони даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” дастгирӣ намуд.

Дар маросими ифтитоҳии Конфронс ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев, Роҳбари Ҳукумати Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Габон Даниэл Она Ондо, Муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахтижон Сагинтаев, Муовини раиси кабинети вазирони Туркманистон Аннагелди Язмуродов, Муовини Дабири Кулл/Мудири барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк, Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Демократии Конго Матади Ненга, Директори дафтари минтақавии СММ – Занҳо доир ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ингибджорг Гисладоттир, хонандаи синфи 8-и мактаби президентии байналмилалӣ (ш.Душанбе) Комила Муҳаббатова сухан ронданд.

Зимни суханрониҳои иштирокдорони воломақоми конфронс ташаббусҳои арзишманди Тоҷикистон, аз ҷумла пешниҳоди навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” мавриди пуштибонӣ қарор гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520