Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини Дабири Кулл/Мудири барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк

09.06.2015 08:30, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Муовини Дабири Кулл/Мудири барномаи рушди СММ Ҳелен Кларкро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории пурсамари Тоҷикистон бо ин ниҳоди басо муҳими Созмони Милали Муттаҳид  баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва дафтари он дар Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона дар кишвари мо самимона арзи сипос намуд.

Хонум Ҳелен Кларк Тоҷикистонро яке аз кишварҳои пешсаф ва ташаббускор дар ҳамгироӣ бо Созмони Милали Муттаҳид барои татбиқи босамари Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, пеш аз ҳама дар масоили дастрасӣ ба оби тоза, нерӯи барқ ва ҳам барои таъмини рушди устувор номида, ба роҳбарияти кишвари мо барои ибтикорҳои созанда арзи қадрдонӣ намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Тоҷикистон аз пуштибоҳои ташаббуси Дабири кулли Созмони Милал оид ба «Энергияи устувор барои ҳама» мебошад” ва аз он, ки Тоҷикистон яке аз панҷ кишвари пилотӣ дар татбиқи ин ҳадаф интихоб шудааст, изҳори қаноат намуд. Ҳамчунин пуштибонии Тоҷикистон аз қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон намудани солҳои 2014-2024 ҳамчун даҳсолаи “Энергияи устувор барои ҳама” бори дигар таъйид гардид.

Ҳарду ҷониб ба татбиқи Нақшаи амалиёти кишварии Барномаи рушди СММ барои солҳои 2010-2015 баҳои баланд дода, изҳори бовар намуданд, ки ин нақша барои панҷсолаи нави 2016-2020 ҳам қабул ва босамар татбиқ мегардад.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз менамояд, сурат гирифт.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок мекунанд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520