Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев

08.06.2015 16:28, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариевро, ки бо сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд вобаста ба даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Изҳори бовар карда шуд, ки сафари расмии Сарвазири Қирғизистон ба Тоҷикистон ба рушди ҳамкории дуҷониба ва бартарафсозии мушкилоти мавҷуда мусоидат мекунад.

Тавре зикр гардид, гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар се моҳи соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 4,3 баробар афзудааст ва ин гувоҳӣ аз анҷоми тамоюли камшавии босуръати ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, ки дар соли 2014 нисбат ба соли 2013 ба назар мерасид, номида шуд.

Хотиррасон гардид, ки соли 2014 ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон нисбат ба соли 2013 3,5 баробар коҳиш ёфта буд.

Барои боз ҳам афзун гардидани нишондодҳои тиҷоратӣ ва боло бурдани иқтидори транзитии ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла додани мақоми байналмилалӣ ба гузаргоҳи сарҳадии Қарамиқ зарур дониста шуд.

Таъкид гардид, ки корҳо барои муайянсозӣ ва аломатгузории қитъаҳои баҳсноки сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Қирғизистон бояд бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб бомаром идома дода шаванд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамгироии минтақавии Тоҷикистону Қирғизистон доир ба масоили вобаста ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва ҳифзи муштараки манфиатҳои ба ҳам наздики ду кишвар ва роҷеъ ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520