Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шанкун

05.06.2015 16:27, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шанкунро, ки барои иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар соҳаи амният ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои кумакҳои пайвастаи техникӣ ва саҳмгузорӣ дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси ин соҳаҳо арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки ҳамгироии босамари ду кишвари дӯсту ҳамсоя ба таҳкими амну субот дар минтақа ва муборизаи беамон бо унсурҳои терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа мусоидати фаъол мекунад.

Бино ба таъкиди Го Шанкун Ҷумҳурии Мардумии Чин омода аст, ки минбаъд ҳам аз рушди босуботи Тоҷикистон чун ҳамсояи боэътимоди худ ва узви фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай ҳамаҷониба пуштибонӣ намояд.

Ҳарду ҷониб доир ба тамоми масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом дода, ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории самарабахш таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520