Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазли

05.06.2015 16:18, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдурризо Раҳмонии Фазлиро, ки ба ҳайси намояндаи кишвари нозир дар Созмони ҳамкории Шанхай барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии давлатҳои аъзои ин созмон ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Аз рушди ҳамкории миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки тайи даҳ соли охир мунтазам густариш ёфта, алҳол дар оғози марҳилаи сифатан наву баландтар қарор дорад, изҳори қаноат карда шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ дар соҳаи муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ изҳори қаноат намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки барои татбиқи амалии санадҳои имзошуда ҷаҳди бештар бояд кард.

Таваҷҷуҳи зиёд ҳамчунин ба рушди ҳамкории сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон дар соҳаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва назорати маводи мухаддир зоҳир гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520