Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон

05.03.2012 16:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Мустафоевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманди Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ аз баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Озарбойҷон таъкид гардид, ки имкону захираҳои фаровони ду кишвар барои густариши робитаҳои судбахш бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Ҳавасмандии ҳарду кишвар ба рушди ҳамгироии сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, туризм ва ғайра таъкид гардид.

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои нақлиётӣ барои афзун намудани ҳаҷми боркашониҳо ва боло бурдани иқтидори транзитии ду кишвар зоҳир карда шуд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520