Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон

25.03.2012 15:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 25 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор гардид.

Ҷаласаи сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон - Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт.

Зикр гардид, ки ҳамкории бунёдии иқтисодӣ самти муҳимтарин ва афзали робитаҳои дарозмуддати сеҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон эълон шудааст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои «иҷрои саривақтӣ ва пурраи аҳду паймонҳои қаблан ҳосилшуда» набояд ба «саҳлангорӣ» роҳ дода шавад. Тавре аён гардид, манзури Эмомалӣ Раҳмон, асосан татбиқи лоиҳаҳои пайвастшавии роҳҳои заминӣ ва оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва бунёди хатти интиқоли барқи 500 - киловолтаи Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон мебошад.

“Кишварҳои мо, ҳамчунин дар чаҳорчӯби Қатъномаи Иҷлоси 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» -и рӯзномаи «Фарҳанги сулҳ» бояд барномаи мукаммалтари корӣ дошта бошанд”, – таъкид намуд Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории сеҷониба дар таъмини амну субот дар Афғонистон ва бозсозии имконоти иқтисодию иҷтимоӣ ва нақлиётию транзитии ин кишвар зоҳир карда шуд.

Дар охири мулоқот Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар хусуси сохтмони хатти роҳи оҳан, интиқоли энергия (нафт, газ ва барқ) ва об ба имзо расид.

Таъкид гардид, ки масоили татбиқи ин ва дигар тавофуқоти Тоҷикистону Афғонистону Эрон дар муҳлатҳои наздик дар ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки сеҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520