Дар мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Алӣ ибни Фаҳд ал – Ҳоҷирӣ масоили ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд.
Алӣ ибни Фаҳд ал – Ҳоҷирӣ паёми табрикӣ ва таманниёти самимии Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа оли Сониро ба Эмомалӣ Раҳмон расонда, ба сатҳи ташкили конфронси 5-уми РЕККА ва натиҷаҳои он баҳои баланд дод.
«Мо ба густариш ва муносибатҳои дӯстона ва тақвияти ҳамкории судбахш бо Давлати Қатар аҳамияти хос медиҳем ва ҳамин гуна бардоштро аз ҷониби давлати Шумо нисбат ба Тоҷикистон эҳсос менамоем», - изҳор дошт зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо маблағгузории қатарӣ бунёд ёфтани масҷиди бузурги ҷомеъ дар шаҳри Душанбе ва Маҷмааи манзиливу тиҷоратии Диёри Душанбе танҳо оғози ҳамкории густурдаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қатар хоҳад буд.
Доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати маъданҳо, бонкдорӣ ва кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорию парвариши занбӯри асал гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Тибқи мувофиқоти ҳосилшуда дар нимаи аввали соли равон бояд ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ дар Душанбе барпо гардад.
Таваҷҷуҳи зиёд, албатта ба масоили Афғонистон ва таъсири он минтақа низ зоҳир карда шуд.