Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар нишасти матбуотии ШАД СААД

23.12.2014 16:55

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Аз натоиҷи иҷлосияи Шӯрои Амнияти дастаҷамъии СААД изҳори қаноатмандӣ карда, мехостам бигӯям, ки мулоқоти имрӯза қадами нави муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар доираи созмон, афзун намудани қудрату имконоти он барои мубориза бо хавфу хатар ва ситезаҷӯиҳои ҷиддие гардид, ки ҳамаи мо дучори онҳо мешавем. Вазъияти мураккаби ҷаҳон ва минтақаи СААД мавриди мубоҳисаю муҳокимаҳои мо қарор дошт.

Мо кореро, ки дар давраи раёсати Русия дар СААД анҷом дода шуд, баланд арзёбӣ кардем. Тоҷикистон сиёсатеро, ки мақсад аз он такмили механизмҳои мавҷуда ва густариши ҳамкорӣ бо фарогирии соҳаҳои нав аст, идома медиҳад.

Тоҷикистон ба ҳайси афзалиятҳои кори минбаъда бархе тадбирҳоеро пеш гирифт, ки бояд доираи мақсадҳоро дар маҷмуи вазифаҳои имрӯз ҳалшаванда васеъ намуда, ба кори муштараки мо такони иловагӣ ва суръати бештар бахшад. Онҳоро шарикони мо дастгирӣ намуданд ва ҳамаи мо аҳд кардем, ки барои татбиқи муваффақонаи мақсаду вазифаҳои пешгирифта ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ намоем.

Дар баробари ин, ба зарурати иҷрои ҳатмии қарорҳои қаблан қабулшуда аз ҷониби ҳамаи аъзои созмон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Мо ният дорем он кори созандаро, ки гузаштагонамон барои рушду густариши равандҳои афзун намудани имконоти ин созмон ба манзури таъмини ҳаёти бехатару ороми халқҳоямон, ки ҳангоми таъсиси СААД ба ҳайси мақсади асосӣ зикр шуда буд, давом диҳем. Мо ба ҳалли вазифаҳои таъхирнопазири дастаҷамъӣ ба хавфу хатари мавҷуда, ки мутаассифона коҳиш наёфта, балки тамоюли афзуншавӣ доранду мо инро на фақат дар мисоли Шарқи Наздик, балки дар Афғонистони бароямон наздик низ мебинем, таваҷҷуҳ зоҳир менамоем.

Ҳамзамон мо барои ба таври шоиста рӯи кор овардани чорабиниҳо бахшида ба ҳафтодсолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор мекунем.

Тоҷикистон барои афзун намудани неруи сулҳомези СААД, баррасии масъалаи истифодаи самарабахши қувваҳои дастаҷамъӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои мухталиф, танзими ҳамкории хадамоти наҷотдиҳанда дар ҳолатҳои фавқулодда якҷоя бо шариконаш дар созмон саъю кӯшиш менамояд.

Мо ҳамчунин аҳд кардем, ки кори алҳол иҷрошавандаро такмил дода, бахшҳои онро дар доираи амалиётҳои ҳарсолаи созмон, ки натиҷаҳои хуб бахшида ва фоидаи назаррас меоранд, такмил диҳем.

Ин мисоли хуби ҳамкории зичи хадамоти мухталиф аст, ки мо онро на фақат рушд медиҳем, балки мехоҳем дар самтҳои дигари калидӣ низ паҳн намоем. Сабаби қабули Стратегияи зидди фасод то соли 2020 ва бархе қарорҳои дигар, зарурати афзун намудани саъю кӯшишҳо дар самти мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткорӣ дар фазои иттилоотии электронӣ ва ҷалби шаҳрвандонамон ба сафҳои гурӯҳҳои террористӣ мебошад.

Мехостам ба масъалаҳои ҳоло мубрамтарини мубориза бо терроризм ба таври махсус дахл намоям. Зуҳуроти сершумори ин марази аср на фақат дар минтақаи масъулияти созмонамон, аз қабили, масалан, ҷинояти мудҳиши ба қарибӣ дар шаҳри Пешовари Покистон содирнамудаи террористон, балки ҷиноятҳои дар қисматҳои дигари кураи замин, аз ҷумла Аврупо ва Австралияи дурдаст содиршуда чунин ҳақиқати бебаҳсро тасдиқ менамоянд, ки ягон давлат аз ин марази ҷаҳонӣ эмин нест. Мо дар баробари ин мефаҳмем, ки он ҷинояткориҳои даҳшатовари асримиёнагӣ, ки дар Шарқи Наздик, масалан, таҳти парчами ба ном «ҷиҳод» содир мешаванд, бо симои равшани ислом, ки чун ҳамаи динҳои ҷаҳон муборизи роҳи инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва тараҳҳум аст, ягон умумияте надоранд.

Бинобар ин, мо чунин мешуморем, ки ҷалби шаҳрвандонамон ба ин равандҳои ҳалокатовар зуҳуротест, ки на фақат сохторҳои дахлдори мо, балки табақаҳои васеътарини аҳли ҷамъият бояд зидди он мубориза бурда, накӯкориро ба миён орад ва маразу касофатро рад кунанд.

Чунин аст вазифаи раёсати Тоҷикистон дар СААД барои давраи пешорӯи яксола. Мо аминем, ки кори мураккаби муштаракамон барои ҳалли онҳо имкон медиҳад, ба мақсадҳое расем, ки созмон ба хотири онҳо арзи вуҷуд дорад.

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Мехостам ин лаҳзаи гувороро барои он истифода намоям, ки шумо - аҳли қаламро бо фарорасии Соли Нав аз таҳти дил муборакбод намуда, ба ҳар кадоми шумо саодатмандӣ, тансиҳатии бардавом ва дар кори барои ҳамаамон душвор ва басо зарур муваффақиятҳои бештар таманно намоям.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520