Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Жуогу

07.11.2014 06:16, Чин

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Муколамаи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором ва анҷом додани мулоқотҳои зиёди дуҷониба дар шаҳри Пекин, пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад.

Субҳи имрӯз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Жуогу мулоқоти судбахш анҷом дод.

Тавре зикр гардид, бо қарзҳои имтиёзноки ин бонки бонуфузи Чин дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика ва дигар бахшҳои иқтисоди кишвар амалӣ шудаанд ё дар ҳоли татбиқ қарор доранд.

Имрӯз ба имзо расидани як зумра созишномаҳои нави қарзӣ миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин дар назар аст.

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони як қатор сохторҳои дигари ин кишвар мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.

Муколамаи шарикони Форуми ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором дар шаҳри Пекин рӯзи 8-уми ноябр баргузор мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520