Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок вохӯрии ҷавобии тимҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Сингапур

18.11.2007 19:30

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрии ҷавобии тимҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Сингапур барои дарёфти роҳхат ба марҳилаи саввуми мусобиқаи "Ҷоми ҷаҳон - 2010" баргузор гашт.

Иштироки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии мазкур далели таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзишу солимии ҷомеа ва дар ҳамин замина тарғиби варзиш дар миёни ҷавонон ҳамчун омили муҳимми таҳкимбахшандаи дӯстиву рафоқати давлатҳо ба ҳисоб меравад.

Дар варзишгоҳи марказии пойтахти ҷумҳурӣ наздики 30 ҳазор нафар мухлисони футбол аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада буданд.

Бозии дастаҳо хеле ҷолибу шавқовар ҷараён гирифта, ба ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520