Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат маҷмӯи масоили кишоварзӣ, аз ҷумла кишти тирамоҳии заминҳои пахта ва ғалладона, дастрас намудани тухмиҳои хушсифат, маводи сӯхту молиданӣ ва ба кор омода кардани техникаю таҷҳизот мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати имрӯзаи истифодабарии заминҳои обию лалмӣ, аз бекор мондани майдонҳои зиёди киштбоб, ҳолати таъминоти хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ, бо тухмиҳои хушсифат ва маводи сӯхту молиданӣ изҳори нигаронӣ карда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили таъминоти мардум ва истеҳсолот бо нерӯи барқ, тезонидани корҳо дар сохтмони нерӯгоҳҳои обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 ва ҳарчи зудтар ба кор даровардани маркази барқ ва гармидиҳии Ёвон зоҳир гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба ғанигардонии бозори истеъмолӣ бо маводи хӯрока ва доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.