Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сафири Эстония дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо Клид Куллро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба омодагии Тоҷикистон барои ҳамроҳ шудан ба Созмони умумиҷаҳонии савдо баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо оид ба тадбирҳои анҷомдодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи мутобиқсозии санадҳои қонунгузории кишвар ба талаботи ин созмон, аз ҷумла доир ба тағйиру иловаҳои қабулшуда ба кодексҳои андоз ва гумруки ҷумҳурӣ, асноди стандартизатсия ва сертификатсияи амвол ва ғайра мубодилаи судманди афкор анҷом доданд.
Клид Кулл изҳор дошт, ки Тоҷикистон марҳилаи аввали корҳоро баҳри ҳамроҳшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо пушти сар намуда, ба давраи дуюми он ворид шуд. Ӯ аз корҳои анҷомдода ва тадбирҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мутобиқшавӣ ба тартиботи умумиҷаҳонии савдо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки ба наздикӣ зимни ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ санади натиҷавӣ оид ба омодагии Тоҷикистон баҳри ҳамроҳшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ба баррасии созмон пешниҳод карда мешавад.
Ба андешаи Клид Кулл Созмони умумиҷаҳонии савдо ба қабули Тоҷикистон ба аъзогии худ манфиатдор аст, зеро ки ин кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар таҳкими оромию суботи самти ҷануби он пеш аз ҳама дар Афғонистону Покистон нақши муҳим дорад.
Хотиррасон мекунем, ки айни ҳол Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо дорои мақоми кишвари нозир мебошад.