Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Малайзия Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон

08.09.2014 12:16, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Малайзия Анифаҳ Ҳоҷӣ Амонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои дуҷониба ва тавофуқоти судманд, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия моҳи июни соли равон ҳосил шуда буд, зоҳир гардид.

Зарурати таъсиси ҳарчи зудтари комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ ва фаъол намудани он ва ҳамчунин ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ ва байнисоҳавӣ таъкид гардид.

Мусоидат ба густариши робитаҳои мустақими миёни сохторҳои хусусӣ ва соҳибкории ду кишвар низ басо муҳим дониста шуд. Таъкид гардид, ки барои ин, аз ҷумла созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андоз, даромад ва сармоя бояд ба имзо расонда шавад.

Бо қаноатмандӣ аз робитаҳои судбахши ду кишвар дар соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсили шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик дар Малайзия, таъкид гардид, ин таҷриба бояд густариш дода шавад.

Зарурати рушди ҳамкорӣ дар бахши туризм ва дигар соҳаҳои ояндадор низ таъкид гардид.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520