Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» дар шаҳри Душанбе

06.09.2014 20:13, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» дар шаҳри Душанбе иштирок намуд.

Зимни ифтитоҳи ин меҳмонхонаи 15-ошёнаи дорои дараҷаи 5 ситора, ки хеле зебо ва бо тарҳу намои муосир бунёд ёфтааст ва шиносоӣ бо шароити дар он муҳайёгардида, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин нахустин меҳмонхонаи Шератон натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кулли Осиёи Марказӣ аст.

Меҳмонхона бо харҷи 275 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати хусусии СИ ЭЙ ЧЕЛ-и Ҷумҳурии Ҳиндустон бунёд шуда, дорои 148 утоқи зисти дараҷаҳои гуногун мебошад ва барои қабули ҳама гуна меҳмонон, то меҳмонони сатҳи олӣ пешбинӣ шудааст.

Меҳмонхона ҳамчунин дорои толорҳо барои маҷлису гуфтушунидҳо, маҳфилу шабнишиниҳои гуногун, 2 тарабхона, толорҳои мухталифи варзишию солимгардонӣ аз қабили фитнес ва ғайра буда, дар он ба мизоҷон дараҷаи баланди хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин меҳмонхона 180 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки 95% онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ, аз ҷумла ин рӯйдоди фараҳбахшро ба сокинони пойтахт ва кулли кишвар табрик гуфта, ба сармоягузорон, мутахассисону муҳандисон ва бинокороне, ки дар бунёди ин меҳмонхонаи зебо заҳмат кашидаанд, изҳори сипос намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520