Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази савдои Пойтахт-90

05.09.2014 15:25, шаҳри Душанбе

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази савдои Пойтахт-90 ифтитоҳ ёфт, ки ба истиқболи солгарди 90-уми шаҳри Душанбе хеле зебою боҳашамат бунёд ёфтааст.

Чунонки иттилоъ доданд, маҷмааи боҳашамати биноҳои Маркази савдои Пойтахт-90 бо харҷи беш аз 205 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ дар зарфи 22 моҳ бо тарҳу намои зебои зоҳирӣ ва шароити мусоиди хизматрасонӣ дар дохили он бунёд ёфтааст.

Лоиҳаи бинои асосии Маркази савдои Пойтахт-90, ки аз се ошёна иборат аст, бо синтез намудани меъёрҳои меъмории Шарқу Ғарб ва афзалият додан ба унсурҳои миллии ороиш ва зебу зиннати бино тарҳрезӣ шуда, дар майдони умумии 3,31 га бунёд ёфтааст.

Дар рӯ ба рӯи ин бинои зебо дар банерҳои калон аксу мусаввараҳои ҳикояткунанда аз таърихи бозордорию бозаргонии Тоҷикистон аз солҳои аввали замони шӯравӣ то ба имрӯз инъикос ёфтаанд, ки дар онҳо рушду тараққиёти давра ба давра ва босуръати ин соҳаи шаҳри Душанберо мушоҳида кардан мумкин аст.

Биноҳои Маркази савдои Пойтахт-90 ва шароити дар онҳо муҳайёгардида бозгӯй аз фарҳанги волои бозаргонию бозордорӣ ва хизматрасонии мардуми куҳантамаддуни тоҷик аст.

Масоҳати умумии бинои асосии сеошёна ва фурӯшгоҳи тобистонаи Маркази савдои Пойтахт-90 33 ҳазор метри мураббаъ ва ҳаҷми онҳо баробар ба 156 ҳазор метри мукааб аст.

Дар ин марказ беш аз 1,5 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Дар вақти бунёди ин биноҳо аз 650 то 700 нафар ба кор ҷалб шуда буданд, ки қисмате аз онҳо дар ин ҷо усулҳои нави сохтмониро, аз ҷумла доир ба омодасозии масолеҳ аз фибрабетон ва истифодаи онро аз худ намуда, ба мутахассисони варзида ва хеле зарурии имрӯза дар ин бахш табдил ёфтаанд.

Дар ошёнаи якуми бинои асосии сеошёна фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣ, аз қабили меваю сабзавоти тару тоза, хушкмева, маҳсулоти корхонаҳои коркарди шир ва гӯшт ҷойгир шудаанд. Чунонки аён гардид, фурӯшгоҳҳои маҳсулоти ширию гӯштӣ дар ин марказ аз ҷониби беҳтарин корхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ва шарикони онҳо иҷора гирифта шудаанд. Ҷойи таъкид аст, ки иҷоракорони ин марказ 2 моҳи аввал бе пардохти иҷорапулӣ кор мекунанд.

Дар толору утоқҳои махсуси ин бино 16 сардхона бо ғунҷоиши 116 тонна маҳсулот, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз барои санҷиши сифати хӯрокворӣ ва маъмурияту дигар хадамот ҷойгир шудаанд. Чунонки иттилоъ доданд, оянда дар паҳлӯи ин бино сохтмони як сардхонаи алоҳида бо ғунҷоиши 2 ҳазор тона меваю сабзавоти тару тоза дар назар аст.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино бештар мағозаҳои фурӯши либосворӣ ва ашёи рӯзгор ва ҳам муассисаҳои хӯроки умумӣ ҷой гирифтаанд. Дар ин бино ду ошхона, ду қаҳвахона ва чойхона ба кормандону мизоҷони он хизмат мерасонанд. Дар яке аз ошхонаҳо ошпазхонаи инноватсионӣ барои омодасозии хӯрокҳои анъанавии миллии тоҷикӣ бо усули замонавӣ намоиш дода шуд. Дар ин ҷо намудҳои гуногуни оши палав, сихкабоб ва дигар хӯрокҳои миллӣ тарзе омода мегарданд, ки дуд ва бӯйи он тамоман ба толорҳо ворид намешавад.

Умуман бинои асосии марказро яке аз зеботарин ва муосиртарин биноҳои ин соҳа дар кулли ҷумҳурӣ ва ҳам минтақа гуфтан мумкин аст, зеро он дорои тамоми шароити хизматрасонӣ, аз ҷумла шабакаи ягона ва мустақили ҳаводиҳӣ ва гармидиҳию салқинсозӣ, 2 эскалатор ва лифтҳо мебошад.

Бинои фурӯшгоҳи тобистона бо усули зебои бозаргонӣ бунёд ёфта, дар он аксаран меваю сабзавоти тару тоза ва дигар молҳои ниёзи ҳаррӯзаи мардум ба фурӯш бароварда мешавад. Бо истифода аз ҳузури савдогарони зиёд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар нархгузории маҳсулот ва таъмини сифати он боинсоф бошанд ва нархҳоро бисёр баланд набардоранд.

Дар атрофи биноҳои марказ 2 таваққуфгоҳ мавҷуд аст, ки яке барои 200 мошини сабукрав ва дуввумӣ барои 25 мошини калонҳаҷми боркашон пешбинӣ шудааст.

Зимни суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла мавриди истифода қарор гирифтани ин маркази бузурги савдоро туҳфаи пурарзиш дар арафаи солгарди 23-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, таъкид дошт, ки минбаъд дар атрофи он боз биноҳои зиёди бисёрошёна сохта мешаванд ва ин мавзеъ хеле ободу зебо гашта, ба як шаҳраки муосир табдил меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520