Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ

15.08.2014 10:18, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Ҳиндустонро бо ҷашни миллӣ – солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ҳиндустон табрик ва таҳният намоям.

Комёбиҳои назарраси кишвари Шумо дар таъмини рушди босуръати иқтисодӣ боиси хурсандии дӯстони самимии Ҳиндустон ҳастанд ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба робитаҳои мустаҳкаму муассир бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки бо он моро равобиту тамосҳои таърихӣ мепайванданд, манфиатдор аст.

Ҳиндустон дӯсти боэътимод ва шарики муҳими мо дар минтақа мебошад, ки мо бо он муносиботи гунонгунҷанбаи мутақобилан судманд дорем. Мо ба сатҳи ин муносибатҳо баҳои баланд дода, ба рушду густариши минбаъдаи онҳо ҳавасманд ҳастем.

Итминони комил дорам, ки дар оянда низ бо саъю талоши муштарак мо метавонем пайваста инкишофи равобити ҳасанаи ду кишвари дӯстро таъмин намоем, ки он бидуни шак, ба нафъи халқҳо ва кишварҳои мо, амният, субот ва пешрафти умумии минтақа мебошад.

Ба ҷаноби Президент муваффақият ва пирӯзиҳои нав ба нав, ба мардуми дӯсти Ҳиндустон пешрафту шукуфоӣ орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520