Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

31.01.2012 16:53, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Италия, Дания, Ирландия, Словакия, Литва, Эстония, Исроил ва Ветнам эътимоднома қабул намуд.

Сафирони фавқулодда ва мухтори 8 давлат – Ҷумҳурии Италия Риккардо Манара, Шоҳигарии Дания ҷаноби Йенсен, Ирландия Филипп Мак Дона, Ҷумҳурии Словакия Юрай Сивачек, Ҷумҳурии Литва Рокас Бернотас, Ҷумҳурии Эстония Яан Хейн, Давлати Исроил Хилел Нюман ва Ветнам Ле Ман Луан ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон эътимоднома супурданд.

Зимни суҳбат бо сафирон, ки 6 нафарашон аз кишварҳои аврупоиянд, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳавасмандии устувори Тоҷикистонро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он таъкид намуд.

Ба густариши муносибот бо давлати Исроил низ, аз ҷумла рушди робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва илму техника изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари 9 корхонаи муштараки Ветнам дар Тоҷикистон ба дурнамои ҳамкорӣ бо ин кишвари минтақаи Осиёи ҷанубу шарқӣ баҳои баланд дода шуд.

Зимни суҳбат, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва мавзўъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520