Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Департаменти федералии молияи Швейтсария хонум Эвелин Видмер-Шлюмпф

08.07.2014 10:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Департаменти федералии молияи Швейтсария хонум Эвелин Видмер-Шлюмпфро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузорӣ зоҳир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориву ҳамшарикии Тоҷикистону Швейтсария изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: “Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем ва ба густариши робитаҳо бо он таваҷҷуҳи хос дорем”.

Қаноатмандӣ, аз ҷумла аз ҳамкории ду кишвар дар муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва Созмони ҷаҳонии савдо ва ҳамчунин аз машваратҳои сиёсии дуҷониба, ки аз соли 2009 ба ин сӯй ҳар сол ба роҳ монда мешавад, изҳор гардид.

Тавре зикр гардид, бо дастгирии молиявии Швейтсария тайи солҳои зиёд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор амалӣ шудаанд, ки ба гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ ва макроиқтисодиёт, инфрасохтор, энергетика, тандурустӣ, таъминоти об, муҳоҷирати корӣ ва паст кардани хатари офатҳои табиӣ равона гардидаанд. Ҳоло 10 лоиҳаи дигар ба маблағи 67 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад ва ояндаи наздик афзоиши шумораи чунин лоиҳаҳо ва ҳаҷми сармоягузорӣ дар назар аст.

Швейтсария ҳамчунин “шарики муҳими тиҷоратии Тоҷикистон” номида шуд, зеро гардиши савдои дуҷониба дар панҷ моҳи соли равон 141 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2013 4,3 маротиба ва нисбат ба тамоми соли 2013 1,7 маротиба зиёд аст.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҷалби сармояи мустақим ба соҳаҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон аз Швейтсария ва дигар кишварҳои Аврупо ва ҷаҳон ва оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520