Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи боғчаи намунавии кӯдакон дар шаҳри Душанбе

21.06.2014 11:34, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт ҳамчунин як боғчаи кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки басо зебо сохта шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар назди даромадгоҳи боғчаи нави кӯдакони рақами 63 ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию созандагӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Тавре иттилоъ доданд, ин бино бо харҷи 5,2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби ҶДММ Стройэлита бунёд ёфта, барои 130 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Бино аз ду ошёна ва утоқу толорҳои гуногуни бо олоту ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз иборат буда, дорои шароити хуби таълиму тарбияи кӯдакон аст.

Дар атрофи бино мавзеъҳои зиёди бозию дилхушӣ ва машғулиятгоҳҳои махсус омода шудаанд, ки боиси афзун намудани завқи кӯдакон ва қобилияти фикрронияшон мегардад. Тавре аён гардид, насли навраси имрӯза, ки дар фазои истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз парвариш меёбанд, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи маорифи кишвар дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои лоиҳакашӣ лоиҳаҳои намунавии боғчасозиро таҳия намоянд, то ки минбаъд муассисаҳои томактабӣ бо сифати баланд ва тақозои давру замон мутобиқ сохта шаванд ва таъкид дошт, ки талабот ба чунин муассисаҳо хеле зиёд аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520