Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Театри Аҳорун соҳиби бинои худ шуд

21.06.2014 11:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои собиқ кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе пас аз навсозии куллӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, вале бо сифати дигар. Акнун ин бинои театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ба оғози фаъолияти дубораи ин бино бо сифати нав оғози расмӣ бахшид.

Тавре маълум аст, бинои кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе солҳои зиёд бекор хобида, ба ҳолати ногувор омада буд. Умри дубора пайдо намудан ва ба театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун туҳфа шудани он боиси шоди нишот ва сипосу қадрдонии аҳли эҷоди ин коллективи овозадор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намояндагони сершумори аҳли фарҳанг ва зиёиёни кишварро, ки ба ин муносибат дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, бо ин рӯйдоди фараҳбахш ва ҳам бо арафаи ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори умеду боварӣ намуд, ки саҳми эҷодкорони театри Аҳорун минбаъд дар тарбияи завқу салиқаи баланди мардуми фарҳангдӯсти мо бештару беҳтар мегардад.

Санъаткорони театри Аҳорун порчаеро аз намоиши “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон” пешкаш намуда, ба аҳли толор ғизои маънавӣ бахшиданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки аксари кулли коллективи 80-нафараи ин театрро ҷавонон ташкил медиҳанд басо хушҳол гардида, изҳори боварӣ намуд, дастовардҳои аҳли ҳунару фарҳанги тоҷик бо таълиму тарбияи насли нави ояндасоз аз гузаштаю имрӯза дида намоёнтар мешавад. Сарвари давлат ҳамчунин таъкид дошт, ки барои боз ҳам ободу зебо ва ба тамоми талаботи театрӣ мутобиқ намудани ин бино ба роҳбарияти он кумак мерасонад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520