Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Шоҳи Испания Филиппи VI

21.06.2014 10:47, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Испания Филиппи VI барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:
«Аълоҳазрат,

Бо камоли хушнудӣ Шуморо Аълоҳазрат, дар иртибот бо қабул намудани савганд ва оғози фаъолиятатон дар мақоми Подшоҳи Шоҳигарии Испания самимона табрик ва муборакбод менамоям.

Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон итминони комил дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъйю талош варзем.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, Аълоҳазрат, саодату саломатӣ ва пирӯзиҳои навин дар ин маснади олии пурмасъулият, ба кишвари дӯсти Испания хушрӯзӣ ва шукуфоиро орзу дорам.

Хоҳишмандам эҳтирому арҷгузории амиқи моро қабул намоед».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520