Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ

19.06.2014 11:17, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро, ки ба вазифаҳои нав пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва миллати соҳибфарҳанги тоҷик ва ба далерию матонат дар ҳифзи марзҳои давлатӣ ҳидоят намуд.

Таъкид гардид, ки масъулияти марзбонони тоҷик пас аз бурун рафтани нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон, ки то охири соли 2014 сурат мегирад, дучанд мегардад, зеро таҳдиди хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир метавонад бештар гардад.

Ҳамин тариқ Ҳабибулло Сафаров Муовини якуми сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷаб Маҳмадалиев Муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба разведка – сардори Раёсати разведка, Муҳамад Ҷафаров Муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои тарбиявӣ – сардори Раёсати корҳои тарбиявӣ таъин гардиданд.

Ҳамчунин ба вазифаҳои сардори маркази таълимии Пойтахт ва сардорони отрядҳои сарҳадии Регар, Панҷ, Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Мурғоб, Шаҳритус, Табошар, Дарвоз, Панҷакент, Лангар ва отряди таъиноти махсус кадрҳои дигар таъин карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520