Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

12.06.2014 11:40, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла чунин омадааст:

Муҳтарам Владимир Владимирович,

Басо сарфарозам, ки ба муносибати солгарди иди миллии Федератсияи Русия аз номи халқ ва Ҳукумати Тоҷикистон табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтаринро ба Шумо ва ҳамаи мардуми Русия иброз медорам.

Мехоҳам бо қаноатмандии зиёд қайд намоям, ки муносибатҳои мушорикату ҳамкории стратегии байни ҳар ду кишвар ҳар чи бештар вусъат меёбанд.
Мо азм дорем, ки барои корбурди нерӯи ғании муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаи байни кишварҳоямон минбаъд ҳам бо Русия зич ҳамкорӣ намоем.

Аминам, ки саъю кӯшишҳои якҷояамон на фақат ба таҳкими мушорикати Тоҷикистону Русия, балки ба суботу пешрафти минтақаамон ҳам мусоидат мекунанд. Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсади наҷиб ҳамаи чизи аз худ вобастаро баҷо меорад.

Ин воқеаи гуворо ба ман имкон медиҳад, ки ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович тансиҳатии бардавом, саодату муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти Русия беҳбудию шукуфоиро таманно намоям.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520