Имрўз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Данғара доир ба омодагӣ ба зимистон ва рафти киштукори тирамоҳӣ телефонӣ ахбор доданд.
Дар мавриди омодагӣ ба зимистон таваҷҷуҳи зиёд ба захираи маводи сўхт дар муассисаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкили кори бонизоми онҳо дар мавсими сардӣ зоҳир карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷамъоварии пурраи ҳосили меваю сабзавот ва пахтаи боқимонда ва ҳамчунин доир ба вусъат додани киштукори тирамоҳӣ ба онҳо супоришҳои мушаххас дод.
Тибқи ахбори раиси вилояти Суғд киштукори тирамоҳӣ дар ҳудуди ин вилоят бояд то 15 ноябр ба анҷом расад. Дар вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ, тибқи ахбори роҳбарони онҳо, ин кор босуръат идома дорад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои сари вақт анҷом додани киштукори тирамоҳӣ аз обу ҳавои мусоид ва ҳар як рўзи офтобӣ пурсамар истифода баранд.