Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш

10.06.2014 11:43, шаҳри Душанбе

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-11 июни соли 2014 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Сафари кунунӣ идомаи муколамаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Латвия дар сатҳи олӣ мебошад, ки дар ҷараёни он Президентҳо дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Латвия, масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин масъалаҳои калидии байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Роҳбарони ду давлат таъкид намуданд, ки соли равон (11 майи соли 1994) аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Латвия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сол пур мешавад.

Дар рафти музокирот, ки дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ ҷараён дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия вобаста ба  муҳимтарин масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва байналмилалии дар дафтари рӯз қарордошта табодули афкор намуданд. Президентҳои ду кишвар саъю талоши муштаракро ҷиҳати мусоидати минбаъда ба анҷом додани мулоқотҳои мунтазам дар сатҳи олӣ, истифодаи фаъолонаи абзорҳои мавҷудаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангию башардӯстона, инчунин тавсеаи заминаҳои шартномавӣ-ҳуқуқии дуҷониба изҳор намуданд.

Ҷонибҳо робитаҳои байнипарлумониро ба ҳайси ҷузъи муҳим ва таркибии ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, зарурати фаъолсозии тамосҳоро миёни Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сейм (Парлумон)-и Ҷумҳурии Латвия таъкид намуданд.

Роҳбарони ду давлат ҳамкориҳоро дар доираи СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар пайи баррасии масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ, роҳбарони ду давлат пуштибонии худро аз таҳкими сулҳу субот, барқарор намудани фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳор намуданд.

Президентҳои ду кишвар зарурати тақвияти ҳамкориҳоро дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои он, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои замони муосир таъкид намуданд.

Роҳбарони ду давлат ҷараёни татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупоро барои Осиёи Марказӣ мусбат арзёбӣ намуда, ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Латвия дар робитаба раисии он дар Иттиҳоди Аврупо дар нимсолаи аввали соли 2015 муваффақиятҳо орзу намуда, ба қатори авлавиятҳои давраи раисии он ворид кардани мавзӯи Осиёи Марказиро  баланд арзёбӣ намуд.

Дар ин росто ҷонибҳо ба имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла Барномаи Комиссияи Аврупоӣ оид ба мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ва пешгирии паҳнкунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (КАДАП) таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Дар  ҳошияи масъалаи таҳкими субот ва амният дар минтақа роҳбарони ду давлат, бо назардошти нақши роҳбарикунандаи СММ, таваҷҷӯҳи худро ба масъалаи минбаъд бо роҳи сиёсӣ ва бо ҳамкорию дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон  таъйид намуданд.

Ҷонибҳо ба рушди муносибатҳои муштарак дар соҳаи иқтисодӣ ишора намуда, фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Латвия оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодиро, ҳамчун ниҳоди ҳамоҳангсози пешбурди муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, мусбат арзёбӣ намуданд. Ҷонибҳо бахшҳои нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика,  молиявӣ-бонкӣ, сохтмон, истеҳсолоти нассоҷӣ, кишоварзӣ, саноати коркарди ашё, сайёҳӣ ва маорифро ба ҳайси соҳаҳои бештар ояндадори ҳамкорӣ қайд карданд.  Ҷонибҳо инчунин зарурати фаъолсозии саъю талошҳои амалиро барои ҳавасмандкунии тамосҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои мазкур таъкид намуданд.

Роҳбарони ду давлат масъалаҳои марбут ба захираҳои обию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, саъю талошҳои Тоҷикистонро ҷиҳати истифодабарии оқилонаи онҳо бар манфиатҳои рушди иқтисоди кишвар ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба таҳкими имкониятҳои транзитӣ-интиқолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия, рушди зерсохтори нақлиётӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда, бунёди гузаргоҳҳои нақлиётии байналмилалиро, ки интиқоли борҳоро миёни Аврупо ва Осиё таъмин менамоянд, ташвиқ мекунанд.

Президентҳои ду кишвар аз натиҷаҳои музокирот, ки дар фазои созандагӣ сурат гирифтанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мардуми тоҷик барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии ҳайати расмии Латвия изҳори миннатдорӣ намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб аз Ҷумҳурии Латвия боздид ба амал орад. Даъват бо камоли миннатдорӣ қабул карда шуд. Муҳлатҳои сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешаванд.

Дар шаҳри Душанбе 10 июни соли 2014 дар ду нусха, ҳар кадом ба забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва латишӣ ба имзо расонида шуд.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти
Ҷумҳурии Латвия
Андрис Берзинш

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520