Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жао

07.11.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Бонки осиёии рушд баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории дуҷониба Бонки осиёии рушд барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисод, инчунин ташаккули иқтидор ва рушди институтсионалии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 850 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кўмаки техникӣ ҷудо намудааст.

Ҳоло лоиҳаҳои фаъоли Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ба маблағи умумии 529 миллион доллари амрикоӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки осиёии рушд барои саҳмгузории намоён дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон арзи сипос карда, ҳамзамон таъкид дошт, ки дар ҳамкории ду ҷониб ҳанўз имкониятҳои истифоданашуда зиёданд.

Доир ба Барномаи шарикии Бонки Осиёии Рушд ва Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014, ки дар ҳаҷми тақрибан 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории лоиҳаҳои соҳаҳои роҳсозӣ, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ, идоракунии минтақавӣ ва ғайраро дар назар дорад, гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Ба роҳбарияти бонки мазкур барои маблағгузории лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ва дастгирии лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Узбекистон изҳори сипос карда шуд.

Гуфтугўйи пурмуҳтаво ҳамчунин доир ба татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахш, аз ҷумла бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ ва ғайра, ки дорои аҳамияти минтақавӣ барои кулли Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Осиёи ҷанубӣ мебошанд, сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520