Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо фаъолияти Шифохонаи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

26.05.2014 20:19, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таъмири пурра мавриди истифода қарор дода шуд.

Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарбозон ва афсарону аҳли оилаи онҳо хизмат мерасонад.

Ҳангоми боздидиСарвари давлат аз ҳуҷраҳои беморхонаи ҳарбӣ таъкид гардид, ки сол ба сол хизматрасонии тиббӣ ба сарбозону афсарон беҳтар мегардад. Ин муассисаи тиббӣ, ки аз 4 бинои сеошёна иборат аст, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмири пурра бароварда шуда, дар он шароити зарурии ташхису табобат фароҳам оварда шудааст.

Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 шуъба иборат буда, дорои 160 кати хоб мебошад. Дар дармонгоҳи шифохона дар як баст то ба 150 нафар хизмати тиббӣ расонда мешавад.

Дар ҳамаи шуъбаҳо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ насб гардидааст. Аснои шиносоӣ бо шароити шифохона Сарвари давлат ба масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дод, ки барои табобати пурраи афсарону сарбозон ҳамкориро бо ин муассисаи табобатӣ ба роҳ монанд. Президенти мамлакат бо сарбозон дар ин шифохона суҳбат карда, онҳоро ба хизмати садоқатмандона ҳидоят намуд.

Дар Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 147 табибу дигар кормандон фаъолият карда, барои ташхису табобати беморон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Кормандони Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхорӣ минатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки барои беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ тамоми нерӯи худро равона менамоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520