Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ассамблеяи миллии парлумонии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Айёс Содиқ

26.05.2014 17:07, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ассамблеяи миллии парлумонии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардор Айёс Содиқро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳо миёни парлумонҳо, ҳукуматҳо, доираҳои соҳибкорӣ ва мардумони ду кишвар зоҳир гардид.

Таъкид гардид, ки парлумонҳо рафти татбиқи амалии санадҳои сершумори миёни ду кишвар имзошударо низ, аз ҷумла доир ба тадбиқи лоиаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ ва ғайра бояд пайваста назорат намоянд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои кунунии Афғонистон,  минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироии Тоҷикистону Покистон дар мубориза бо терроризму экстремизм ва хатарҳои дигари ҷаҳони муосир сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520