Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар гузашти низомӣ ба ифтихори 20 - солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

26.05.2014 11:54, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Дӯстии пойтахт мардуми Тоҷикистонро бо солгарди 20-уми таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии ҷумҳурӣ табрик гуфта, гузашти низомии ба ин муносибат оросташударо назорат намуд.

Гузашти ботантанаи низомии бахшида ба 20-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо гузориши Сардори гарнизони ҳарбии Душанбе генерал-майор Бахтиёр Рӯзмоншоев ба Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ оид ба омодагии ҷузъутомҳо оғоз ёфт.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо арзи салом ба афсарону сарбозони сафкашида, онҳоро бо фарорасии 20-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар навбати худ аз омодагии ҷузъутомҳо ба гузашти низомӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикӣ, аз ҷумла зикр намуд, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангини солҳои аввали истиқлоли давлатии кишвар дар ҷойи холӣ, бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфта, бо гузашти 20 сол дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои шаборӯзӣ ба як нерӯи муқтадири муҳофизи марзу буми Ватани азизи мо табдил ёфтаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба марзбонони шуҷои Ватан таъкид дошт, ки мо ҳифзи марзи тӯлонии Тоҷикистонро бар души шумо вогузор карда, бовар дорем, ки аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи мушкил, вале басо пурифтихор сарбаландона мебароед.

Дар расми гузашти низомӣ, ки бо амри Сардори гарнизони ҳарбии Душанбе оғоз ёфт, беш аз 10 ҳазор афсарону сарбозони шуҷои Ватан иштирок намуда, аз худ маҳорати баланди касбӣ ва муҳаббату самимияти баланд ба Тоҷикистони азиз нишон доданд. Тавре аён гардид, имрӯз Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дорои ҷузъутомҳои мукаммали таълимдидаю озмуда ва бо техникаю таҷҳизот ва аслиҳаю лавозимоти махсуси ҳарбӣ таъмингардида мебошанд.

Иштироки беш аз 600 нафар бонувон дар расми гузашти низомӣ, ки дар баробари ҷавонмардон сарбаландона адои хизмати ҳарбӣ мекунанд, мавриди таваҷҷуҳи хос ва арҷгузорӣ қарор гирифт.

Зиёда аз 100 адад техникаи зиреҳпӯш ва мошинҳои ба таври махсус муҷаҳҳазшуда, ҷузъутомҳои аспсавор ва сагҳои хизматӣ, ки дар амалӣ намудани фаъолияти назоратии марзбонон нақши муҳим доранд, низ дар гузашти низомӣ иштирок намуданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520