Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхон

26.10.2011 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маршал Муҳаммад Қасим Фаҳимхонро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, дарёфти роҳҳои нав ва шаклу василаҳои самараноки ҳамкории гуногунарсаи мутақобилан судманд баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои татбиқи барномаи ҳамкории энергетикии ду кишвар сурат гирифт. Аз омода шудани хатти интиқоли барқи Сангтўда-Қундуз-Пули Хумрӣ ва имкони оянда афзоиш додани интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон изҳори хушнудӣ карда шуд.

Ба густариши бештари ҳамкории иқтисодӣ ва зербиноии ду кишвар, татбиқи муваффақона ва босуръати барномаҳои бузурги ҳамкорӣ, аз ҷумла ба бунёди хаттҳои дигари интиқоли барқ ва роҳи оҳан изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар робита ба ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар пуштибонии Тоҷикистон ва омодагии онро ба иштироки фаъол дар татбиқи амалии нақшаи эҳёи Роҳи нави Абрешим таъкид намуд.

Рушду тақвияти ҳамгироии миёни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зарур шумурда шуд. Омодагии Тоҷикистон барои идомаи омодасозии кадрҳои низомии Афғонистон таъкид гардид.
Густариш ва тақвияти ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла омодагӣ ба Наврўзи байналмилалии 2012 дар шаҳри Душанбе низ аз мавзўъҳои суҳбат буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520