Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

09.05.2014 10:17, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати солгарди 69-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 маросими гулгузорӣ дар назди гулхани ёдгорӣ баргузор шуд.

Ба поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки беш аз 100 ҳазори онҳо фиристодагони Тоҷикистон буданд, гулчанбарҳо гузошта шуд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони он ҷанги пурдаҳшатро пос дошт.

Сипас гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони  Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, сохторҳои қудратии Тоҷикистон, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе, пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва аз номи ҷавонони кишвар гузошта шуд.

Маросими поси хотир бо гузашти низомии ҷузъутомҳои Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ хотима ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо намояндагони насли наврасу ояндасози кишвар ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз надик суҳбат намуда, ба ин пирони барнодил арзи қадрдонӣ намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520