Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба ифтихори 100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода

14.10.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони мўҳтарам!

Мо ҳанўз зери таъсири файзбахши ҷашни бошукўҳи 20 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон қарор дорем.

Ин ҷашн ва рўҳияи тавонои созандагӣ дар саросари мамлакат устувории сулҳу ваҳдат ва муттаҳидии мардуми шарифамонро ба таври мўътамад собит сохт.

ҷашнвораи имрўзаи моро, ки ба ифтихори 100-солагии қаҳрамони Тоҷикистон, суханвари бузург, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дўстӣ, фарзанди арҷманди миллати тоҷик Мирзо Турсунзода барпо мегардад, метавон идомаи мантиқии тантанаҳои истиқлолияти давлатиамон арзёбӣ кард.
Ин табиист, зеро осори Мирзо Турсунзода саропо аз андешаҳои истиқлолхоҳӣ барои мардуми ҷафодидаи Машриқзамин ва ваҳдати халқи ҷаҳон саршор аст.

Ҳоло бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумо - ҳозирини гиромӣ ва тамоми мардуми шеърдўсту адабпарвари Тоҷикистони азизро бо ҷашни фархундаи якасраи шоири бузурги халқамон Мирзо Турсунзода, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмони байналмилалии ЮНЕСКО сурат мегирад, самимона табрик мегўям.

Барои ман боиси ифтихори бузург аст, ки дар ду ҷашни пуршукўҳ - маҷлисҳои ботантанаи 90-солагӣ ва 100-солагии шоири шаҳирамон устод Мирзо Турсунзода ширкат ва суханронӣ менамоям.

Ҳанўз даҳ сол пеш дар бузургдошти устод гуфта будам:

«Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ў тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ў дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».

Солҳое, ки сипарӣ шуданд, ҳаққонияти гуфтаҳои болоро борҳо собит намуданд.

Мирзо Турсунзода ба насли дуюми адибони садаи бисти тоҷик шомил буда, дар радифи Сотим Улуғзода, ҷалол Икромӣ, ҳабиб Юсуфӣ, ҳаким Карим, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим ҷалил, Боқӣ Раҳимзода дар як давраи пур аз тазод ва муборизаҳои дохилӣ ба арсаи адабиёт қадам ниҳода буд.

Ва ў ҳамчун шогирди ду абармарди адабиёти муосир - Садриддин Айнӣ ва Абдулқосим Лоҳутӣ тавассути адабиёту матбуот ба хизмати халқу Ватан камар мебандад.

Мирзо Турсунзода ва ҳамсафонаш бо муҳаббат ва ҷўшу хурўши ҷавонӣ бо эҷоди ҳар як асар ва ширкат дар сохтмонҳои азим хиштҳои нахустини созандагии Ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро мегузоштанд, ба мардум рўҳу тавон мебахшиданд.

Дар ин айёми ҷашну сурур аз шахсиятҳои таърихӣ, инсонҳои равшанзамир ва машъалдорони роҳи озодиву истиқлолият, бунёдгузорони Тоҷикистони нав, парчамбардорони матини илму адаб ва фарҳанги миллии тоҷикон бо сипосгузорӣ ёдовар шудан амри воҷиб аст. Зеро ин фарзандони бошарафи халқи тоҷик поягузорони кишвари маҳбуби мо ба шумор мераванд.

Дар ин ҳалқа фарзанди шарафманди миллати тоҷик Мирзо Турсунзода, ки барои хизматҳои бузург дар инкишофи адабиёт ва тарғиби ғояҳои сулҳу дўстии халқҳо ва густариши нуфузи байналхалқии Тоҷикистон дар радифи устод Айнӣ ва аллома Бобоҷон ғафуров сазовори унвони олӣ – қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст, мақому мавқеи шоиста дорад.

Мирзо Турсунзода ҳамнафасу ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва имрўз низ бо осори пурмазмунаш ҳамзамони мост.

Ў иштирокчии фаъоли ҳаракати адабии солҳои навсозии Тоҷикистон буд ва нахустин маҷмўаи шеъру ҳикояҳояш таҳти унвони «Байроқи зафар» ҳанўз дар соли 1932 дар Душанбе интишор ёфт.

Минбаъд Мирзо Турсунзода дар баробари ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон пайваста рушду камол ёфт ва дар олами илму адаб ва сиёсати байналмилалӣ яке аз тобноктарин ситораҳои мамлакати паҳновар гардид.

Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир ва донишманд, арбоби ҷамъиятӣ ва публитсист, вассофи шўълавари дўстиву бародарии халқҳо, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Академияи илмҳои Тоҷикистон, қаҳрамони меҳнат, дорандаи ҷоизаи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ ва дигар ҷоизаҳои олии давр, аз ҷумла ҷоизаи байналмилалии ба номи ҷавоҳирлаъл Неҳру ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст.

Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст. Агар мо ҷараёни зиндагии ўро аз ибтидо то охир аз назар гузаронем, равшан мебинем, ки он намунаи олии пайванди шоир бо ҳаёти халқ мебошад.

Мирзо Турсунзода яке аз аввалин суханвароне буд, ки дар мавзўи муборизаи озодихоҳонаи ранҷбарон бар зидди зулму ситам ва талаби адолати иҷтимоӣ драмаи «Шўриши Восеъ»-ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ офарид.

Дар асоси ин асар нахустин операи миллӣ дар таърихи санъати тоҷик эҷод гардид, ки он ҳанўз ҳафтод сол муқаддам дар аввалин Даҳаи санъати Тоҷикистон дар шаҳри Москва намоиш дода шуд ва муваффақияти бузург ба даст овард.

Шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода аз ғояҳои олии ватанпарастӣ ва инсондўстӣ саршоранд. Шоир дар сурудаҳои худ бо садоқати бепоёни фарзандӣ шаҳомату бузургии Ватанро васфу тараннум менамояд.

Вақте вай ба арсаи эҷод ворид гардид, на танҳо адабиёти навини тоҷик ташаккул меёфт, балки худи Тоҷикистони тозабунёд дар роҳи тараққиёт қадамҳои аввалин мениҳод.

Осори пурмўҳтавои ў аслан таърихи бадеии Тоҷикистон аст. Обшор кардани заминҳои ташналаб, бунёди роҳу пулҳо, сабзу хуррам гардонидани водиҳо, таъсиси нахустин хоҷагиҳои дастаҷамъӣ, арзи вуҷуд намудани корхонаву донишгоҳҳо ва дигар корномаҳои ҳамзамонон дар шеъру достонҳои устод таҷассум ёфтаанд.

Соли 1953, дар рўзҳое, ки 75-солагии устод Садриддин Айнӣ ҷашн гирифта мешуд, Мирзо Турсунзода гуфта буд: «Хеле кам иттифоқ меафтад, ки тарҷимаи ҳоли як нафар ба тарҷумаи ҳоли халқаш чунин мувофиқ бошад». Ин суханон ба худи Мирзо Турсунзода ҳам пурра тааллуқ доранд.

Зиндагинома ва кору пайкори ў таърихи зиндаи миллати мо дар асри бист мебошад. Дар бисёр шеърҳои абадзиндаи ў, махсусан дар достони баландмазмуни «ҳасани аробакаш» таҳаввулоти азими сарнавишти миллати тоҷик дар асри гузашта бисёр дақиқ ва моҳирона тасвир шудааст.

ҳамзамон бо ин, шоири башардўст дар хонаи дили худ меҳру муҳаббати мардуми заҳматкаши ҷаҳонро низ ҷой дода буд. Аз ин ҷост, ки сухани пурэъҷози шоир ифодагари рўҳи замон ва таҷассумгари дарду виҷдони аҳли башар буд.

Тасодуф нест, ки тақдир ба зиммаи ў вазифа ва масъулияти пуршарафро гузошта буд, то мақсаду мароми зиндагиашро ба хизмати дўстӣ ва бародарии мардуми олам, бахусус халқҳои Осиё ва Африқо бахшад.

Мирзо Турсунзода нахустин маротиба бо силсилаи ашъори марғуби «қиссаи ҳиндустон» ба адабиёти ҷаҳонӣ пайваст ва ба дили мардуми некиродаи дунё роҳ ёфт. Зеро ин асари ў бо баландии ғоя ва бадеият на танҳо ифодагари ормонҳои мардуми ҳинд, балки мардуми озодихоҳи дунё буд.

Аз ин ҷост, ки адиби бузурги ҳинд Мулк Роҷ Ононд баъди мутолиаи ин асари шоири тоҷик бо сипоси самимӣ иқрор шуда буд: «Кош дар бораи ҳиндустон ман мисли шоири тоҷик асаре менавиштам».

Шоир барҳақ фармуда буд, ки «Шодам, аммо мехўрам ғамҳои халқи дигаре». Боз афзуда буд, ки «Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор». Ин ишораҳо барномаи фаъолияти эҷодӣ ва рисолати шаҳрвандии ў буданд.

Аз ин ҷост, ки Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири маҳбуби халқи тоҷик, балки чун арбоби матиниродаи роҳи сулҳу ваҳдат дар ақсои олам ном баровард.

Ба андешаи ман, дар баробари истеъдоди худодод фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, омўзиши адабиёти ҳазорсола олами маънавии Мирзо Турсунзодаро хеле пурғановат гардонида, ҷаҳонбиниашро фарохтар сохт.

Албатта ҳеҷ шахсият, алалхусус шахсияти оламшумуле ба мисли устод Турсунзода, дар ҷойи холӣ ба воя намерасад.

Шоири мубориз суннатҳои миллӣ, адабиёти шифоҳӣ ва классикии тоҷику форс, беҳтарин дастовардҳои адабиёти ҷаҳониро фаро гирифта, таҷрибаи эҷодии суханварони бузургро дар рўзгор ва фаъолияти адабии худ корбаст кардааст.

Донишу таҷриба ва ситораи гарму дили пурмуҳаббати ў имкон доданд, ки ў сабақҳои дипломатияи давлатӣ ва мардумиро ба ҳам моҳирона омезиш дода, дар гуфтор ва муомилаву муоширати худ бо табақаҳои мухталифи ҷомеа, сиёсатмадорон ва роҳбарони олирутбаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон бо камоли донишмандӣ ва назокат риоя намояд.

Ин аст, ки каломи муассиру ҷозибадори шоири шаҳири тоҷик дар ақсои гуногуни олам аз минбарҳои баланд садо дода, маҳбубияти хоса касб кардааст.

ғояҳои олии умумиинсонӣ – ҳифзи сулҳу амонӣ, ҳимояи манфиатҳои аҳли заҳмат, ҳисси масъулият нисбат ба сарнавишти инсон ва дўстиву ҳамкории халқҳо дар ашъори Мирзо Турсунзода бо камоли истеъдод ва санъати сухан ифода ёфтаанд.

Дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавзўи ватан бо тамоми бузургӣ ва зебоияш тасвир шуда, мақоми асосӣ дорад.

Силсилаи шеърҳои ба табиати диёр, манзараҳои нотакрор ва рўду обшорон бахшидаи шоир самимияту садоқати ўро ба сарзамини азизаш ифода месозад.

Устод Турсунзода ба ҳайси раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиёву Африқо ҳамчун қосиди сулҳу дўстӣ ба кишварҳои хурду бузурги дунё сафар мекард, лекин дар ҳама ҷо дили ў ба ёди Ватан метапид:

Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр
ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири бузурги ватандўст ва халқпарвар, муборизи фаъоли роҳи сулҳ ва оромиву осудагии ҳаёти ҷамъият соҳиби обрўву иззат, эътибори баланд ва шўҳрати ҷаҳонӣ гардид.

Аз нимаи дуюми солҳои сиюми асри XX - аз ҳамон давроне, ки фашизм дунёро ноором сохта, баъзе мамлакатҳои Аврупо ва ғарбро зери по кард ва ба сари мардум бадбахтиҳо овард, Мирзо Турсунзода дар асарҳояш ба ҷангу ҷидол ва хусумату душманӣ сулҳу ваҳдат ва дўстиву бародариро муқобил гузошт.

Шоири сулҳпарвари мо халқҳои ҷаҳонро бар зидди фашизм даъват мекард, то ки решаи манҳуси ҷангро аз беху бунаш бурида, парчами сулҳро ба олам устувор созанд.

Дар он даврони пуртаҳлука Мирзо Турсунзода дар Париж ҳамроҳи нависандагон ва олимони маъруф, аз қабили Жолио Кюри, Александр Фадеев, Иля Эренбург дар кори аввалин конфронси умумиҷаҳонии ҳомиёни сулҳ иштирок ва дар ҳимояи сулҳу осоиш суханронии басо таъсирбахш карда буд.
ҳамин тавр, Мирзо Турсунзода - шоири сулҳпарвари мо дар сафи пеши ҷабҳаи мубориза бар зидди зулму ситам қарор гирифта, ҳамчун муборизи матини ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди халқҳои тамоми ҷаҳон маъруф гардид.

Мавзўи асосии эҷодиёти ў - ситоиши дўстиву бародарӣ, озодиву истиқлолият ва мубориза алайҳи низоъангезону тахрибкорон имрўз низ, яъне дар замони мо аҳамияти худро гум накардааст. Осори шоир насли наврасро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳимояи ватан, ҳувияти миллии хеш ҳушёр, зирак ва дурандеш бошанд.

Шоир Ватани худ – Тоҷикистони кўҳсору офтобиро ҳамчун як ҳиссаи ҷудонашавандаи Шарқ ва ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мешуморад, ки дар доираи сиёсати он замон тарғиби ин ғоя кори чандон осон набуд.

Шахсияти шоири ватандўст дар он зоҳир мешавад, ки дар ҳар шеъри ў меҳру муҳаббати Тоҷикистон бараъло ба мушоҳида мерасад.

Мирзо Турсунзода доираи мавзўъ ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро вусъат дода, манзараҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои хориҷиро бо афкори нав ва аз дидгоҳи тоза ба адабиёти мо ворид сохт ва ба ин васила мактаби нави адабиро ба вуҷуд овард.

ҷавҳари хоси ин мактаб шинохти гузаштаи халқи худ, рушди забон, фарҳанг, адабиёти куҳанбунёд ва суннату анъанаҳои миллии мо мебошад.
Сабақи дигари ин мактаби адабӣ иборат аз он аст, ки шеъру сиёсатро ба ҳам омезиш дода, адабиётро ҳамчун воситаи муассири муттаҳид кардани ҷомеа ва ташаккули афкори умум нерўманд гардонид.

Мавзўи сулҳу ваҳдат, накўкориву созандагӣ ҳамчун шиори мардуми фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷик ба осори адиби башардўсти мо ҷилои тоза мебахшад.

Мо ба ин ҷиҳати осори Турсунзода ва пайравони мактаби ў бояд эътибори хоса диҳем.

Имрўз дар сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ мароми сулҳ, ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва дўстиву бародарӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва мо барои татбиқи пайгиронаи он кўшиш менамоем.

Ба ин маънӣ, шеърҳои устод Турсунзода ҷавҳари суннатҳои неку писандидаи сулҳпарваронаи халқи моро ифода месозанд.
Чунончи, шоир дар ин маврид гуфтааст:

Одамон аз дўстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт.

Шоир аз мавзўъҳои миллӣ то масоили байналмилалӣ изҳори андеша карда, шеъру достон, асарҳои саҳнавӣ, филмномаҳо, мақолаҳои илмиву адабии худро ба нерўи азими маънавӣ мубаддал намуд.

Мероси гаронбаҳои адабии Мирзо Турсунзода дар давраи мо ба муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти халқ ва давлат ҷавобгў мебошад.
Шеъри ў ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам мезанад, шодиву нишоти моро ифода мекунад ва бо қалбҳои мо ҳамсадо мешавад.
Дар замони мо, ки ваҳдати миллӣ ба яке аз рукнҳои сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, эҷодиёти шоир ба иттиҳод ва бародарии мардуми мамлакат мусоидат мерасонад.

Шоири ҳақиқӣ ҳамчун парчамбардори адабиёту фарҳанги миллӣ дар дили халқаш ҳамеша зиндаву поянда аст. Мирзо Турсунзода ҳамин гуна адиби мубориз, шахсияти барҷаста ва инсони наҷиб буд. Аз ин рў, ў маҳбуби халқи тоҷик ва мардумони сулҳпарвару озодихоҳи олам гардидааст.
Бегазанд мондани ном ва осори Мирзо Турсунзодаро ҳаёт ба хубӣ собит менамояд. Чун гиромидошту рамзи посдории хизматҳои шоистаи Мирзо Турсунзода ба номи ў шаҳр, донишгоҳу мактабҳо ва кўчаву хиёбонҳо гузошта шудаанд ва, муҳимтар аз ҳама, шеъри ў пайваста вирди забони мардуми тоҷик аст.

Мирзо Турсунзода тафаккури фарогири кураи замин ва дили дардошное дошт ва шеъри ин шоири нобиға шеъри миллат ва чунонки гуфта будам, шеър барои инсоният аст.

Ашъори оташбори ин вассофи сулҳу дўстӣ, бародарӣ ва ҳамдилии мардуми олам ва шеъри ин сипаҳсолори назми замони худ ба 60 забони халқҳои дунё тарҷума шудааст.

Аз рўзи вафоти устод беш аз сӣ сол гузашт, вале хизмату талошҳои ў мисли Садриддин Айниву Бобоҷон ғафуров дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқи ҷаҳон беш аз пеш ҷилвагар мегардад. Аз ин рў, ў барҳақ қаҳрамони Тоҷикистон эътироф гардидааст.

Шеъри ў дар эъмори ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибихтиёр низ нерўбахши мардум буда, бо мо ҳамқадаму ҳамсафар аст. Ба ибораи дигар, Мирзо Турсунзода бо шеъри ваҳдатсози хеш ҳамзамони мо, ҳамзамони наслҳои нави халқи тоҷик боқӣ мемонад.

Устод Мирзо Турсунзода 100-сола шуд. ҷашни пуршукўҳи якасраи ў воқеан ҷашни сухан, ҷашни сухани ваҳдатсозу миллатдўстона, ҷашни сулҳу амонӣ дар ҷаҳон ва ҷашни нангу номуси ватандорӣ мебошад.

Дар ниҳояти калом, бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба роҳбарияти созмони байналмилалии ЮНЕСКО барои қадршиносии хизматҳои шоистаи устод Мирзо Турсунзода, ки дар айни замон қадршиносии адабиёти муосири тоҷик мебошад, изҳори сипос намоям.

Бигзор, номи муборак ва осори арзишманди Мирзо Турсунзода ҳамчун қосиди сулҳи даврони мо аз насл ба насл ва аз аср ба аср идома ёфта, умри абадӣ ёбад.

Бигзор, каломи оташин, мавзун ва нобу шевои Мирзо Турсунзода қалби мову шумо, тамоми халқи тоҷик ва ҷаҳонро софу мунаввар ва чун оина пурҷило гардонад!

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520